arzon replenishment
Кӯдак дар хона таваллуд шавад, шаҳодатнома медиҳанд?
731


Ман як моҳ пеш дар хона ва бе иштироки духтур кӯдак таваллуд кардам.

Шавҳарам ва модараш таваллудро қабул карданд. Дар ин ҳолат шаҳодатномаи таваллуди фарзандамро аз куҷо ва чӣ гуна гирифта метавонам?
Н. Л.

Посух
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ” барои дастрас намудани шаҳодатномаи таваллуд, шаҳодатномаи тиббии шаклаш муқарраршуда асос барои гирифтани шаҳодатномаи таваллуд буда, ҳангоми дар хона таваллуд намудани тифл бошад, ки бевосита ба суоли шаҳрванд иртибот дорад, бо иштироки духтури минтақавӣ (оилавӣ) момодоя аз бунгоҳи тиббии маҳал, ки дар шароити кунунӣ дар ҳамаи деҳаю маҳаллаҳо бунгоҳои тиббӣ фаъолият мекунанд, духтури бунгоҳ санад тартиб медиҳад ва санаи таваллуд, ному насаби модари тифл ва шоҳидонро дар санад зикр намуда, дастраси шаҳрванд мегардонад ва шаҳрванд метавонад то яксола шудани кӯдак ба идораи ҷамоат ва аз яксола боло бошад, ба бахшҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муроҷиат намуда, шаҳодатномаи таваллуд ба фарзанди наврас дастрас намояд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД