То охири соли 2026 навсозии кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров дар шаҳри Душанбе ба анҷом расида, барои истифода омода карда мешавад. Корҳои навсозӣ қитъаи роҳро аз хиёбони Саъдии Шерозӣ то сарҳади ноҳияи Рӯдакӣ дар бар мегиранд.
Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони роҳ ва кӯпрукҳо»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар доираи лоиҳа роҳ ба талаботи муосир мутобиқ карда мешавад.
Дар қитъаи навсозишаванда барои ҳаракати воситаҳои нақлиёт 8 хати ҳаракат дар ду самт сохта шуда, дар баъзе қисматҳо хатҳои алоҳида барои нақлиёти ҷамъиятӣ пешбинӣ шудаанд. Ҳамчунин, барои дучархарон ва пиёдагардон шароити мувофиқ фароҳам оварда мешавад.
Масофаи қитъаи роҳ дар доираи лоиҳа 6,6 километр гуфта мешавад, ки навсозии он яке аз тарҳҳои муҳими рушди инфрасохтори нақлиётии пойтахт ба ҳисоб меравад.