Arzon march 2024
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 88)
13.04.2020
А. ҲОҶӢ
3473

 

(Охираш)

Маҳина дари ҳуҷраи Муртазоро боз намуда даромад ва ӯро дар рӯйи фарш афтида дида ҳуш аз сараш парид. Ҳамшира осемасар сари беморро аз замин бардошта «муаллим, муаллим» гӯён, ӯро такон дод, вале Муртазо гӯё кайҳо мурда бошад, ягон нишони зиндагӣ дар вуҷудаш ба назар намерасид. Маҳина раги дасти Муртазоро дошт, то фаҳмад, ки зинда аст ё мурда, набзи бемор суст бошад ҳам, метапид. «Хайрият, зинда будааст! Ман гумон кардам, ки ҳамин қадар такудави табибон беҳуда рафта, ин бемор мурда мондааст» аз дил гузаронд ҳамшира ва пахтаеро дар спирти нашотир тар карда, ба зери бинии Муртазо дошт. Бӯйи тези спирт димоғашро сӯзонда, бемор андаке ба худ омад ва чашмонашро нимбоз кард.

-Ба шумо чӣ шуд, охир ҳозиракак аҳволатон хуб буд-ку?-Чашм кушодани Муртазоро дида пурсид ҳамшира.

Муртазо андаке сарашро ҷунбонда пичиррос зад:

-Чаро шумо ба ман нагуфтед, ки Шафоат мурд?

-Ростӣ, ин духтар бо шумо чӣ муносибат дорад, ман намедонам, вале ба беморон гуфтани ҳар гаперо, ки ба сиҳат шудани бемор халал мерасонад, ба мо манъ кардаанд. Ана дидед, худатон аз ким куҷо асли гапро фаҳмида ба чӣ ҳол афтидед? Акнун, ки ҳамаашро медонед, бигӯед, ки вай ба шумо кӣ мешавад?

Муртазо чашмонашро пӯшид ва худ ба худ савол кард: «Шафоат ба ман кӣ мешавад? Зан? Маъшуқа? Шогирди мактаб? Намедонам, вале барои ӯ шуда, ман ба ин аҳвол афтидам ва худаш ҳам аз ин дунё рафт. Ин чӣ буд? Як навъ тӯфон? Ишқи пурфоҷиа ё ҳаваси одамкуш? Ба ғайр аз Худо дигар касе намедонад, ки чӣ буд. Магар баъди марги Шафоат ман бо ин доғ бе азоби виҷдон зиста метавонам? Ҳаргиз не!»

Дари утоқ кушода шуду аввал доктор Салим ва баъди ӯ Садоқат даромад, ки дар дасташ бастае дошт. Ҳанӯз аз даромадгоҳ доктор ба Маҳина супориш дод:

-Имрӯз беморро ба палатаи умумӣ мегузаронед. Вазъи саломатиаш хеле беҳтар шудааст, минбаъд дар он ҷо табобат мегирад. Ба духтури шикастабанд аз номи ман гӯй, ки имрӯз як бори дигар омада, аз натиҷаи шикастабандиҳояш огоҳ шавад… Шумо, духтарам метавонед дар ҳамин ҷо суҳбататонро давом диҳед,-суханони охирини доктор Салим ба Садоқат нигаронида шуда буданд.

Доктор мисли он ки бо Муртазо ҷангӣ бошад, ба тарафи ӯ нимнигоҳе ҳам накарда аз дар баромад. Садоқат курсиро наздиктар оварда, аз тарафи рост ба кати Муртазо наздик нишаст. Чашмонаш аз гиря варамида буданд. Ӯ бастаи дасташро ба мизи наздики Муртазо гузошту бо овози хаста садо кард:

-Муртазо, медонӣ хоҳарам вафот кард... Хоҳари ягонаамро апаи ягонааш кушт...Ту медонистӣ, ки Шафоат хоҳари ман аст?

Муртазо дасти сиҳаташро ба тарафи Садоқат дароз карда, бо ишорат ӯро ба тарафи худ даъват намуд ва ин даъватро Садоқат ҳам қабул карда, курсиро боз ҳам наздиктар овард. Муртазо дигар ҳатто маҷоли ба ҳайрат афтоданро надошт. Ӯ хастаҳолона аз дасти Садоқат дошта, танҳо ба нақли тӯлонии ӯ гӯш медод...

Вақте ки нақли Садоқат ба охир расид, Муртазо чашмашро аз занаш наканда гуфт:

-Худованд чунин тақдирро насиби мо карда будааст, чӣ кор кунем...

Аз ду бари рухсораи коҳидаи Муртазо ашк ҷорӣ шуда, мисли оби ҷӯйборе, ки замини аз беобӣ сахтшударо шодоб кардан мехоҳад, ҷорӣ шудан гирифт, аммо ин замин ба ин зудӣ сероб шудан намехост ва ин об ҳам гӯё охир надошт...

Садоқат ҳам вақте суханони дар дилаш бударо берун меовард, мисли кураи оташдони оҳангарон мехост ғуррос занад, аммо худро бо азобе нигоҳ медошт ва гоҳо дар байни суханонаш гӯё худ ба худ мегуфт: “ана ҳамин тавр ...”

Садоқат чӣ тавр ба дасти Холбибӣ афтоданашро ба шавҳараш нақл кард ва оҳи сард кашида гуфт:

-Медонӣ Муртазо, модарам, модари аслии худам, ки маро таваллуд кардааст, гуфт: “ҳеҷ кас ҷои духтарамро гирифта наметавонад, ҷои Шафоатро...” Барои ман аз ҳамаи ин моҷароҳо ана ҳамин гап бештар сахт расид... Падарам ҳам аз ман рӯй гардонида гуфт, ки чунин духтарро намешиносад ва духтари ягонаи онҳо Шафоат буд...

Муртазо бо ишораи даст Садоқатро ба тарафи худ хонда, хоҳиш кард, ки сарашро болои синааш гузорад. Садоқат ин хоҳиши ӯро эҳтиёткорона анҷом дод...

Онҳо мисли ду кабӯтаре, ки рӯзи дароз аз ҳамдигар ҷудо буданду акнун ба лонаашон омада, бо минқори худ байни парҳои ҳамдигарро тоза мекунанд, бо ангуштон сари ҳамдигарро сила мекарданд. Муртазо мисли он ки нӯги сухани кандашудаашро ба ҳам мепайваста бошад, идома дод:

-Садоқат, ман намедонам аз кӣ гиламанд шавам: аз худам, аз ту, аз Шафоат, аз тақдир... аммо дониста мон, ки ту на ниёз ба модари дигар дорию на падари дигар...Ту модар дорӣ ва ман ҳам, агар умр боқӣ бошад, то охир лаҳзаи ҳаётам аз тую Иқбол дигар ҷудо намешавам, албатта агар ман барин марди маъюбро ҳамчун шавҳар қабул кунӣ...

Садоқат бо аломати тасдиқ сарашро дар болои синаи Муртазо ҷунбонд. Ин дам аз дари ҳуҷра Иқбол ва аз паси ӯ Холбибӣ даромада омаданд. Писарак баробари дидани он ки модараш сарашро болои синаи падараш гузоштааст, бо лафзи кӯдакона гуфт:

-Оча, саратро гир, ки дили дадаам дард мекунад...

Дар лабони ҳар се табассум дамид...

 

 Анҷом

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД