arzon replenishment
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 86)
11.04.2020
А. ҲОҶӢ
3489

 

 

(Давомаш. Аввалаш дар шумораҳои гузашта.)

Ҳамшира, ки мехост дудаста пеши роҳи Садоқатро гирад, бо дидани духтури ҷарроҳ дастонашро поин кард ва шикоятомез гуфт:

-Ман намондам, вале инҳо...

-Ҳеҷ гап не, мон дароянд. Худат вазъиятро мефаҳмӣ-ку...

Бо шунидани ин суханони доктор рангу рӯи Садоқат канд ва хам шуда аз Ҳасратмоҳ, ки дар ҳолати нимбеҳушӣ қарор дошт, пурсид:

-Ҳоли Шафоат чӣ хел аст?

-Даро, худат мебинӣ...

Садоқат беҷуръатона дари ҳуҷраи эҳёгариро боз намуда ба дарун қадам ниҳод. Фирӯз ҳам хост аз паси ӯ дарояд, аммо Ҳасратмоҳ бо овози гирифтаи нимшунаво гуфт:

-Бачаҷон, мон бо хоҳараш хайрухуш кунад...

-Хоҳараш?-Б о ҳайрат пурсид Фирӯз.

-Ин қиссаи дароз аст, ҳамаашро баъд мефаҳмӣ... Ман кайҳо инро ҳис карда будам, аммо гумон надоштам, ки апаю хоҳар дар чунин як рӯзи шум аз ҳамдигар огоҳ мешаванд. Духтарҷон,-аз ҷояш нимхез шуда ба Маҳина рӯй овард Ҳасратмоҳ,-кӯмак кун, ки аз ҷоям бархеста ба назди онҳо равам...

Маҳина саволомез ба духтури ҷарроҳ нигарист. Духтур бо ишораи сар фаҳмонд, ки “майлаш, мон дарояд...”

***

Садоқат оҳиста-оҳиста ба кати баланде, ки дар болои он Шафоат мехобид, наздик шуд. Сару рӯи духтар қариб, ки пурра докапеч буд, аммо як чашмаш ва қисмати чапи рӯяшро дидан мумкин буд. Садоқат чӣ кор карданашро надониста, андаке дар болои сари Шафоат рост истод ва ба чеҳраи ниманамоёни коҳидааш, ки ба оҳистагӣ ранги худро тағйир медод, нигарист. Баногоҳ пай бурд, ки мижгонҳои Шафоат ва тарҳи абрувонаш ба Иқбол хеле монанд аст. “Чаро ман инро пештар надидам?”- аз дил гузаронд Садоқат.

Ин вақт овози наҳифи Шафоат базӯр шунида шуд:

-Оча...

-Ҷони ман, ин манам, апаат Садоқат...

Баробари шунидани ин ном Шафоат андаке гӯшаи чашмашро боз намуд ва лабонаш мисли он ки гиря мекарда бошад, паридан гирифтанд. Ӯ кӯшиш кард, ки сарашро андаке ҳам бошад, ба тарафи Садоқат гардонад, аммо дигар маҷоли ин корро надошт.

-Очаат барои ту мурад, шамъи хомӯшшудаистодаи оча,-овози пасти Ҳасратмоҳро аз паси худ шунид Садоқат ва рӯй ба он тараф овард.

Духтури ҷарроҳ, ки гумон дошт аллакай Шафоат ҷон додааст, бо дидани ҳаракат дар чеҳраи ӯ ҳайрон шуд ва ба Маҳинаи дар пасаш истода гуфт:

-Беҳуда намегӯянд, ки шамъ пеш аз хомӯш шудан бо қувваи охиринаш фурӯзонтар мешавад. Инро бин, бояд даҳ дақиқа пеш дилаш аз кор мемонд, аммо ҳоло ҳам ҷон дорад.

-Ҷони ҷавон доктор, додани ҷони ҷавон мушкил аст,-мисли одамони солхӯрда ҷавоб гардонд ҳамшира.

Ҳасратмоҳ аз он тарафи рахти хоби Шафоат гузашт ва хам шуда гуфт:

-Духтарҷонам, чашмонатро кушо, ана апаат дар болои сарат...

Шафоат бо охирин қувваи худ андаке чашмашро боз кард, вале садояш нисбати чанд лаҳза пеш андаке баландтар баромад:

-Медонам оча, маро тую апаам бахшед. Ман дар лаҳзаҳои охирин фаҳмидам, ки Садоқат апаам будааст. Мани беақл нисбати апаи худам кори бисёр бад кардам, барои ҳамин Худо ҷазоямро дода гуфт, ки ин дунё барои ту нест...

-Ин хел нагӯ, хоҳарҷон. Ту маро бубахш, ки сабаби ин қадар азобу ранҷ кашиданат шудам. Афсӯс, ки дигар ягон чизро тағйир додан имкон надорад, вагарна...

-Вақти ман кам аст, ман бояд ба дунёи дигар равам. Ҳоло, ки ин ҷо ҳастам, ба гапам гӯш кунед. Очаҷон, Садоқатро ҳам мисли ман дӯст доред, охир вай духтари калонии шумост,-Шафоат бори аввал модарашро “шумо” гуфта гап мезад. Бигзор ба ҷои ман апаам ба шумо духтарӣ кунад. Ман дигар ба ӯ халал намерасонам. Беҳуда намегуфтаанд, ки неши ақраб аз раҳи кинаю адоват не, балки тақозои табиаташ аст, ман худам инро нафаҳмида мисли каждум ба зери бағали апаам даромада ӯро неш задам. Маро бубахш, апаҷон...

-Ман кайҳо туро бахшида будам Шафоат. Тезтар сиҳат шуда хез, ман ба ту гапҳои зиёди мегуфтагӣ дорам...

Аҳволи Шафоат вазнин шуд, вай дигар ёрои сухан гуфтан надошт, аммо бори охир лабони парсинбастааш ба ҳаракат даромаданду сухане гуфт, ки касе мазмунашро нафаҳмид. Садоқат гӯшашро ба лабони ӯ наздиктар бурда танҳо ду калимаи охиринро базӯр шунид: ”ба ту бахшидам...” Садоқат фаҳмид, ки хоҳараш чиро дар назар дорад ва ду қатра ашки калон аз нӯги мижгонҳои дарозаш канда шуда, ба рухсораи хоҳараш чакиду бо оби чашми ӯ якҷо шуд...

Ҳасратмоҳ вақте ин ҳолатро дид, дигар аз гиря бозмонд ва мисли мардоне, ки дар ҳолатҳои зарурӣ худро ба даст гирифта метавонанд, ба Маҳина нигариста гуфт:

-Духтарҷон, ягон пора суфи тоза биёр, ки гули ман тарки бӯстон карда истодааст...

Садоқат рӯяшро ба рӯи Шафоат гузошта мегирист ва аз Худо илтиҷо мекард, ки ба хоҳараш ҷони дубора ато фармояд, аммо Худованд, ки оқибати ҳамаро медонад, хомӯш буд...

-Духтарам, саратро аз болои хоҳарат бардор, акнун вай дигар ба мо тааллуқ надорад. Мон, манаҳашро оромона бандам...

Бо шунидани ин суханон Садоқат дигар тоқати истодан накарда давида ба тарафи дар равон шуд ва сари роҳ қариб духтури ҷарроҳро аз пой афтонда буд. Дар дами дар вай худро ба оғӯши додараш Фирӯз андохт ва бо садои баланд ба гиря даромад. Онҳое, ки дар палатаҳои дигар хобида буданд, фаҳмиданд, ки боз як нафар ба дунёи ҷовидона пайваст ва ҳама беихтиёр дар бораи худу охири зиндагии худ ба андеша рафтанд...

Ҷарроҳ ба манаҳбандии Ҳасратмоҳ, ки худро ором нигоҳ медошту бо як ҳаракати чолокона ин корро анҷом медод, нигариста, худ ба худ андеша кард: ”Модар чӣ қудрати бузурге дорад, фарзандро ба дунё меорад, вале агар лозим шавад, боз худаш манаҳи ӯро мебандад. “ Духтур ба назди кати эҳёгарӣ омада ҳар гуна найчаю симҳои акнун нолозимро аз бадани Шафоат ҷудо карду баъд бо овози нимшунаво ба модар гуфт:

-Худо ҷойи духтаратонро ҷаннат гардонад. Таъзияи маро қабул кунед. Мо натавонистем ӯро аз марг наҷот диҳем...

-Ин айби шумо не, изни Худо ҳамин будааст...

Ҳасратмоҳ танҳо баъд аз он, ки манаҳу пойҳои духтарашро бо докаи сафед баста, дар рӯи ҷойгаҳаш дароз кард, дубора ба гиря даромад ва ба тарафи дар рафтаистода, гуфт

-Паноҳат ба Худо, ҷони оча! Акнун ман бояд ба падарат хабар расонам, ки як духтарашро ёфтаму дигарашро гум кардам. Зудтар расида биёяд, ки ман ин ғамро танҳо бардошта наметавонам...

(Давом дорад)

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД