(Давомаш)
Шафоат, ки дар паси дари даромадгоҳи ҳуҷраи доктор Салим рост истода, ҷуръати ба он ҷо даромадан надошт, баробари наздик шудани Маҳина худро ба як тараф гирифт, аммо ҳамшираи шафқат ба кабинет надаромада, бо кароҳият аз сар то нӯги пойи ӯро аз назар гузаронд ва рост ба чашмонаш нигариста гуфт:
-Ман ба рӯи ту барин духтар туф мекунам! Чаро чунин кардӣ? Мехостӣ, ки ӯ мурад? Ана ба мақсадат расидӣ... Худо медонад, ки муаллим то саҳар мерасад ё не. Ман ин гуна беморонро зиёд дидаам ва медонам, ки дар чӣ ҳолат қарор доранд. Марги ту барин духтар! Мабодо ягон муъҷиза рӯй диҳаду муаллим зинда монад, ман ба ӯ мегӯям, ки ба афту башараи ту туф кунад...
Шафоатро арақи сард зер кард, аммо ин духтари шаттоҳ дигар мадоре надошт, ки ба суханони ҳамшира ҷавоб бигӯяд. Шафоате, ки дар байни духтарони ҳамсинну солаш бо сахтгуфторию берӯӣ ном бароварда буд, ҳоло гӯё забонашро ғунда газида бошад, сухане аз даҳонаш намебаромад ва сарашро набардошта бо нӯги туфлиаш дар фарш хатҳои ноаён мекашид...
Маҳина пас аз ба сари духтар холӣ кардани оташи ғазабаш бо нӯги ангушт дари ҳуҷраи докторро зад ва пас аз шунидани садои “дароед” дарро боз кард. Одамони дохили кабинети докторро дида, хост қафо гардад, вале садои доктор ӯро боздошт:
-Даро Маҳина, канӣ гӯй, дар вазъи бемор ягон тағйирот ҳаст?
-Доктор, пас аз он ки шумо баромадед ва ман доруи гуфтаатонро гузаронидам, дар ҳолати ӯ ягон тағйирот надидам. Набзаш мисли пештара хеле суст аст, фишори хунаш ҳам аз меъёр паст, барои ҳамин омадам, то маслиҳат пурсам, ки боз чӣ кор кунам?
Бо шунидани суханони ҳамшира ҳама сарҳои худро дубора ба замин хам карданд ва чеҳраашон боз ҳам гирифтатар гардид. Ниҳоят доктор Салим риштаи буридашудаи суханро дубора пайваст:
-Як хел боқӣ мондани вазъи бемор чандон аломати бад нест. Доруи фармудаи ман танҳо баъд аз якуним-ду соат таъсир мекунад, аммо ҳар лаҳзаю ҳар замон аз ҳолаш хабардор шуда истодан лозим, ки мабодо ҳолаш бадтар нашавад. Фаҳмидӣ духтарам?
-Бале доктор, бо иҷозати шумо ман ба он ҷо бармегардам, лекин илтимос, ҳамон духтареро, ки ӯро ба ин ҳолат овард, ба милиса супоред ё ақаллан аз бинои беморхона дур кунед, ки боз ягон балои дигарро нахезонад...
-Киро? Шафоатро? Вай ҳоло ҳам дар ҳамин ҷост?-Пурсид Ҳасратмоҳ, ки пас аз дидани акси холи банди пои худ дар пои Садоқат дар як ҳолати нимбеҳушӣ қарор дошт ва сухани атрофиёнро базӯр дарк мекард.
-Бале хола, духтари одамкуши шумо дар паси дар аст ва метарсам, ки боз ягон нафари дигарро ҳам накушад...
-Ту аз пеши худ хулоса набароварда аз паи корат шав, ман худам илоҷи ин корро меёбам...
Ҳанӯз доктор Салим суханашро ба охир нарасонида дари ҳуҷра якбора калон кушода шуд ва пайкари Шафоат намоён гашт. Ҳама бо ҳайрат ба ӯ нигаристанд. Шафоат бо қади баланду мӯи парешонаш ба олиҳае монанд буд, ки барои чанд дақиқа аз осмон ба рӯи замин фаромадааст. Чеҳраи пур аз ашки духтар чунон зебо буд, ки касе аз ҳозирин аз он чашм канда наметавонист. Абрувони сиёҳи андаке бо ҳам пайвастаю чашмони аз ғояти ҳаяҷон аз будаш калоншуда ва рӯйи сафеду қомати базебаш дили ҳар бинандаро ба худ тасхир мекард. “Не, ӯ ҳаргиз каждум нест,-суханони охирини модари Шафоатро ба ёд оварда дар дил нидо кард Садоқат,-Ӯро танҳо метавон олиҳаи бадӣ номид. Магар ягон мард дар рӯ ба рӯи чунин духтар истодагарӣ карда метавонад, ҳатто агар мисли Муртазо марди порсо ҳам бошад?”
Фирӯз дар чанд сонияе, ки аз наздик чашмаш ба Шафоат афтод, андеша кард, ки “ҳусну ҷамоли ин духтар хироҷи як мамлакат аст, аммо чаро ошиқи марди зандор шудааст?”. Доктор Салим ҳам, ки таҷрибаи зиёди ҳаётӣ дошту бо ҳазорон одамони гуногун сар ба сар шуда буд, бо дидани ин духтари гирён дар майнааш андешае барқ зад: “Ҳоло ягон гап мешавад...”
Шафоат мисли он, ки ҳамаи ҳозиронро бо як нигоҳи худ фурӯ мебурда бошад, аз даромадгоҳ ду қадами дигар гузошта, ба миёнаи ҳуҷра расид ва ба атрофаш бори дигар нигариста дар рӯ ба рӯи модараш қарор гирифт:
-Оча, медонам, ки ту маро намебахшӣ, барои ҳамин аз дигарон узр мепурсам. Ишқи кӯркӯрона маро ба ин варта афканду чандин касонро гирифтори ғам намудам ва як зани бегуноҳ бо гуноҳи ман фавтид. Ҳоло дар пеши пои ҳамаатон афтода хоҳиш мекунам, ки аз гуноҳам гузаред. Ман гуфта наметавонам, ки шавҳари шуморо дӯст намедорам, ман гуфта наметавонам, ки ӯро ҳамту ба хотири ҳавою ҳаваси ҷавонӣ аз роҳу ришта баровардам. Ман ба шумо ваъда карда наметавонам, ки аз ишқи ӯ даст мекашам. Чандин бор кӯшиш кардам, ки ин корро кунам, вале натавонистам. Тавре ки шумо гумон мекунед, ба назари худам ҳам аввал чунин менамуд, ки ҳиссиёти нисбати Муртазо доштаам танҳо як ҳаваси бачагона аст, вале ҳоло фаҳмидам, ки ин мардакро хеле сахт дӯст медорам. Гуноҳе, ки ин саҳар ман кардам, яъне аз марги модараш ба Муртазо хабар додам, ин ҳам як намуди ишқ аст. Вақте фаҳмидам, ки дигар ӯ маро дӯст намедорад, ба хулосае омадам, ки чун аз ман набошад, пас аз дигарон ҳам нашавад. Ман то он вақт Худоро зорӣ мекардам, ки ӯро сиҳат кунад, вале аз он лаҳзае, ки гуфтугузорашро бо занаш шунидам, марги ӯро мехоҳам. Барои ҳамин аз ҳамаи шумо хоҳиш мекунам, ки маро барои чунин суханони нешдорам бубахшед. Ман худро идора карда наметавонам. Шумо ҳоло гумон доред, ки ман мафтуни либоспӯшию суханрониҳои муаллимам шуда бо ӯ ишқварзӣ кардам, вале чунин нест. Росташро гӯям, худам ҳам нав фаҳмидам, ки ман ӯро сахт дӯст медоштаам. Барои ҳамин намехоҳам, ки ӯ сиҳат шавад...
Як лаҳза дар ҳуҷра хомӯшии гарон ба миён омад, касе чӣ гуфтанашро намедонист. Аввалин шуда Садоқат ба худ омад ва мисли калхоте, ки ба туъмааш ҳуҷум мекунад, аз болои курсии нишастааш баланд шуду бо ду даст аз гардани зебои Шафоат дошт. Ӯ бо тамоми қувват панҷаҳои худро ба гардани духтар халонда сахт фишор медод. Шафоат на танҳо овоз бароварда наметавонист, балки нафаскашӣ ҳам барояш душвор гашт. То вақте, ки дигарон ба худ омаданд, аллакай нохунҳои Садоқат ба пӯсти Шафоат даромад буд ва ин фишор торафт бештар мегашт. Дар як лаҳза рангу рӯи Шафоат ба тирагӣ моил гашт ва аз он зебоии аввала нишоне ҳам намонд. Оҳиста-оҳиста қувваю дармон тани ҷавони духтарро тарк мекард. Фирӯз ва доктор бо дидани ин манзара ҳушёр шуданд ва баробар худро ба онҳо расонида, дастони Садоқатро, ки чун амбӯр ба гардани Шафоат ҳалқа зада, аллакай ӯро ба мурдан наздик карда буданд, сахт дошта, онҳоро аз ҳам ҷудо карданӣ шуданд….
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)