Sebiston new 2024 october
КАЖДУМ ДАР БАҒАЛ (ҚИСМИ 79)
04.04.2020
А. ҲОҶӢ
2903

(Давомаш)

Ҳасратмоҳ дар ҷавоби пурсиши Холбибӣ оҳи бадарде кашид ва дар курсии худ андаке ҳамвор нишаста гуфт:

-Муҳим нест, ки ман инро аз куҷо фаҳмидам. Ман медонам, ки модар ҳамон модарест, ки касро ба камол мерасонад, на он модаре, ки таваллуд мекунад, вагарна сагу гург ва мурғу моҳӣ ҳам мезоянд.    Қиссаи фарзанд гум кардани ман дурудароз аст, намехоҳам вақти шуморо гирифта онро нақл кунам, фақат ҳамин қадарашро мегӯям, ки мани бадбахт ба меҳмонӣ рафтам ва дар он ҷо маро дарди зодан гирифту маро ба таваллудхона бурданд. Нав духтарча таваллуд карда будам, ки парон-парон ва гурезо-гурез сар шуд. Дар он талотум маро мардакам бо сад азоб аз таваллудхона берун баровард. Падараш рӯзи дигар ба суроғи духтарчаам рафта бошад ҳам, ӯро наёфт. Инак, 25 сол мешавад, ки ман аз дидори фарзандам маҳрумам ва дилу ҷигарам то ҳол ба ёди он тифлаки гумгаштаам месӯзад. Дар бадали ин солҳо ҳарчанд кофтам, ному нишонашро наёфтам. Ақаллан зинда ё мурда буданашро медонистам, шояд дилам каме ором мегирифт, вале…. Хайр, чӣ кунам тақдирам ҳамин будааст. Худованд чанд сол пас бар ивази фарзанди гумкардаам ба ман ҳамин Шафоатро дод, барои ҳамин ӯро эрка кардам. Умедвор будам, ки такягоҳ ва асои дастам мегардад, аммо ин духтари беақл дар пирӣ маро шарманда кард. Падараш дар ғами фарзанди гумкардааш як умр дарун-дарун сӯхта, бечора бо баҳонаи кор ба кишвари дигар рафт, то каме ҳам бошад, дарду аламашро фаромӯш кунад. Дар ду-се сол як бор меояд. Медонам, мардакам худашро дар гум шудани духтари нахустинамон гунаҳкор ҳисоб карда, ғусса мехӯрад, вале аслан ин айби ӯ набуд. Ҳамааш айби ҷанг, дар он замонаи нотинҷ натанҳо мо, садҳо нафар фарзанд гум карданд, падару модар ё зану фарзандашонро куштанд. Худованд дигар он рӯзҳои фалокатборро ба ягон бандааш нишон надиҳад…

Дар чашмони Ҳасратмоҳ ашки талх ҳалқа зад ва ҳозирон ғаму андӯҳи ӯро дар ҷисми худ ҳис карданд. Онҳо эҳсос намуданд, ки чӣ тавр зане, ки дар назари аввал хеле шаттоҳу ҷангара менамуд, дар як лаҳза дар пеши назарашон мисли шамъе, ки охирин нурҳои худро ба атроф афканда хомӯш мешавад, об шуда истодааст. Холбибӣ, ки ҳолати Ҳасратмоҳро аз ҳама беҳтар дарк мекард, беихтиёр ба ӯ наздик шуда, ба китфаш даст расонд ва бори аввал ба ӯ чун бо як ғамшарики худ муроҷиат кард:

-Ғам нахӯр, дугона, бо ашк рехтану ғам хӯрдан фарзанди гумкардаатро пайдо карда наметавонӣ. Фарзандат, агар зинда бошад, ҳоло дар куҷое зиндаву саломат гаштааст, агар не, Худованд ҷояшро ҷаннат гардонад. Шукр кун, ки боз фарзанд дорӣ...

Ҳасратмоҳ бо гӯшаи рӯймол ашки таровидаашро пок карда гуфт:

-Бубахшед, ки дар чунин ҳолати бароятон вазнин ғаму андӯҳи худамро ба шумо нақл карда, хотиратонро парешон намудам. Аслан ман ба назди шумо барои дарди дил кардан не, балки барои узр пурсидан омада будам. Узр аз номи духтари ношудам, ки ҳамаро ин қадар сарсону саргардон кард. Ман аз ҳамаатон бори дигар барои кирдори нохалафонаи фарзанди таваллудкардаам бахшиш мепурсам ва ваъда медиҳам, ки Шафоат дигар ҳаргиз ба шавҳари ту Садоқатҷон наздик намешавад. Шумо дигар ҳатто номи ӯро нахоҳед шунид. Беҳтар мебуд, ки ин духтар аслан ба дунё намеомад...

-Ин хел нагӯед, оча,-ногаҳон ба гап даромад Садоқат,-Гуноҳи шумо нест, ки духтаратон чунин якраву худписанд аст. Ин ҷо гуноҳи ман ҳам ҳаст, ба ҷои он, ки шавҳарамро эҳтиёт кунам, ба рафтори нолоиқи ӯ бепарво будам...

-Не, бачам. Гуноҳи ман калон аст, агар дар вақташ асли воқеаро мефаҳмидам, намемондам, ки пою қадами Шафоат ба хонаи ту расад. Акнун мехоҳам хатои кардаи худро ислоҳ кунам. Дигар ҳаргиз вай ба шавҳари ту наздик намешавад...

Доктор Салим, ки то ин дам гуфтугузори байни онҳоро гӯш мекард, оромона бо як оҳанги боварибахш ба Ҳасратмоҳ нигариста гуфт:

-Ба фикрам мою шумо қариб, ки ҳамсолем. Бисёр хуб шуд, ки шумо дар ин ҷо бо ҳам рӯ ба рӯ шудед. Ман пеш аз ҳама, дар ғами беморе ҳастам, ки табобаташ ба дӯши ман аст ва намехоҳам ба болои захмҳои бардоштааш боз захми қалб ҳам дошта бошад. Захми дил аз захми бадан дер шифо меёбад ва шояд ҳаргиз шифо ҳам наёбад. Шумо гуфтед, ки дигар намегузорам духтарам ба Муртазо наздик шавад. Магар бо ин коратон як маризро ду мариз намекунед?

Ҳама аз ин гардиши сухани доктор ба ҳайрат афтода ба ҳамдигар нигариста монданд...

-Ҳайрон нашавед,-ба суханаш идома дод доктор,-Мою шумо дар бораи дигарон муҳокима ронда истода, оё медонем, ки худи онҳо чӣ мехоҳанд? Оё онҳо розианд, ки дигар бо ҳамдигар вонахӯранд ва ба гузашта салавот гӯянд? Барои ҳамин сари ин масъала эҳтиёткор будан лозим. Ту, духтарам аз ин суханони ман хафа нашав,-ба Садоқат рӯй овард доктор Салим,- Ман инро барои он мегӯям, ки оё муносибати байни шумоён аз ин имтиҳон гузашт ё не? Шавҳарат бачаи баору номус будааст, ки барои аз шармандагӣ халос шудан худро аз ҳаёт маҳрум карданӣ шудааст. Ман ба он суханон, ки гӯё фалокат шудаасту ӯ ба ҷарӣ афтодааст, бовар намекунам. Барои ҳамин, пеш аз он ки ба ягон иқдом даст занем, бояд асли воқеаро донему баъд амал кунем...

Фирӯз, ки то ин дам ба суханони онҳо ҳамроҳ нашуда, дасташ зери манаҳ гӯш мекард, сарашро бардошта бо зарда гуфт:

-Доктор, шумо чӣ маслиҳат доданӣ? Садоқату он духтаракро ба назди Муртазо барему пурсем, ки кадомашро интихоб мекунӣ?

-Ҷавони хуб, шумо худро ба даст гиред. Ман медонам, ки муаллим аз кардааш сахт пушаймон аст, вақти бо зани худаш вохӯрдани ӯ ман инро фаҳмидам. Ман мехоҳам духтари ин кас низ пушаймониашро ошкор кунад ва худаш, бе маҷбурсозии модараш аз шавҳари Садоқат даст кашад, вагарна дар оянда мисли он ки хабари марги модарашро ба Муртазо расонд, боз коре мекунад, ки тамоми заҳматҳои моро барабас месозанд…

-Оё ин кор имкон дорад?–Аз аспи ҷаҳл фаромада пурсид Фирӯз.

-Ба фикрам, имкон дорад, вале...

Ин вақт ногаҳон пиёлаи чои дасти Ҳасратмоҳ чаппа шуда, як қисми чои он ба домани Садоқат, ки дар паҳлуяш менишаст, рехт. Ҳасратмоҳ аз кори кардааш хиҷолат кашида, хам шуда бари домани Садоқатро андаке бардошта, бо дастонаш чои рехтаро тоза карданӣ шуд ва якбора дар ҷояш шах шуда монд. Тақрибан ним ваҷаб болотар аз буҷулаки пои Садоқат холи сиёҳи гирдшакле ҷило медод, ки боиси ҳайратзадагии Ҳасратмоҳ гардид. Ӯ оҳиста бари домани Садоқатро сар дод ва қоматашро рост карда аз нав ба курсӣ нишасту ноаён андаке почаи эзорашро боло кар. Айнан чунин хол дар пои худаш ҳам буд…

(Давом дорад)

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД