Sebiston new 2024 october
Кай сокинон бо барқи доимӣ таъмин мешаванд?
1403

 

Як масъули Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ” шарҳ дод, ки кай маҳдудияти неруи барқ ё лимит пурра анҷом меёбад.

Як корманди ин ширкат бидуни зикри номаш гуфт, ки шуруъ аз рӯзи 1-уми апрел аҳолӣ пурра бо неруи барқ таъмин хоҳанд шуд.

“Тибқи иттилое, ки мо дорем, об алакай қариб ба сатҳи зарурӣ расидааст ва агар ҳамин ҳолат идома ёбад, баъди 2 ё 3 рӯз, яъне аз 1-уми апрел аҳолӣ бо барқи доимӣ пурра таъмин мешаванд. Ин боз аз вазъи ҳаво вобаста аст”,- гуфт ин корманди ҷамъият.

Ба таъкиди ӯ, агар дарё то сатҳи зарурӣ пур шавад, мисли солҳои қабл анҷоми маҳдудият расман эълон карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки аз охири моҳи сентябр “Барқи тоҷик” бо нашри муроҷиатномае гуфт, ба сокинони минтақаҳо бо “лимит” ё ба таври маҳдуд барқ дода мешавад. Бар асоси реҷаи таъинкардаи “Шабакаҳои тақсимоти барқ”, дар моҳи Рамазон сокинон субҳ аз соати 5 то 8 ва бегоҳ аз соати 17 то 22 бояд барқ гиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД