Formula novemver 2024
Кай меоӣ, мардак?
2341

 

Волидонам маро ба як марде, ки аз ҳамсараш ҷудо шуда будааст, ба шавҳар доданд. Азбаски шавҳарам ҷои зисти муайян надошт, мо кӯчамонро болои сар бардошта, сарсону саргардон будем. Шавҳарам ба муҳоҷират рафту омада, бо маслиҳату роҳнамоии падарам як хонаи сеҳуҷрагӣ сохтанд. Сипас кӯчамонро аз хонаи апаам гирифта, ба хонаи нав кӯчидем ва зиндагии мустақилонаамон шурӯъ шуд. Шавҳарам боз як соли дигар ба муҳоҷират рафт ва ин бор омада, ҳаммому ошхона сохт ва шароитҳоро каме ҳам бошад, муҳайё сохт. Тӯли ин муддат соҳиби ду писарча шудем. Вақте ки писаронам мактабхон шуданд, шавҳарам ба Русия рафт ва наздики панҷ сол шуд, ки дигар намеояд. Мегӯянд, ки ҳафтаномаи “Оила”-ро дар Русия низ мутолиа мекунанд. Мехоҳам ин паёми маро шавҳарам бихонад: “Асадулло, кай ба хона меоӣ? Замоне хонаву дар надоштем, дар ба дар мегаштем, лаззати ҳаётро надидем, имрӯз ки шароитро бароямон муҳайё намудӣ, барои чӣ намеоӣ? Фарзандонат ва шахсан ман хеле пазмонат шудаем. Охир, ту марди хона будӣ, акнун куҷоӣ, ки омада, моро саробонӣ кунӣ. Ман туро интизорам. Биёву аз дари ҳавлиямон даромада, чароғи хонаамонро равшантар намо, мардак!

Н. Фархор

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД