arzon replenishment
"Катан"-ро дар телевизион намоиш диҳед
402

Шуҳрат Тилвавов, як сокини шаҳри Кӯлоб бо нашри матлабе аз Вазорати фарҳанг ва Кумитаи телевизион ва радио хост, намоишномаи “Катан”-ро, ки аз аввал то ба охир саҳнаҳои ҷаззоби ватандӯстона дорад, тариқи телевизионҳо манзури бинандагон гардонанд.

Ба гуфтаи ӯ, ин намоишномае мебошад, ки бо тамошои он ҳисси ватандӯстии ҳар ҷавонро бедор мекунад.

Айни ҳол, ки дар ҷумҳурии мо маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба артиш идома дорад, ин худ як роҳи ба артиш ва хизмат ба Ватан ҷалб намудани ҷавонон мебошад. Зеро бо тамошои ин намоишнома дили ҳар фарди бо нангу нӯномус саршор аз муҳаббати Ватан мешавад”.

Намоишномаи “Катан”-и Файзи Ашӯр бо коргардонии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Мирзоватан Миров дар асоси романи таърихии журналист Аҳмад Иброҳим дар Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ “Парасту – 2023” дирӯз ҷоизаи “Беҳтарин асари таърихӣ”-ро соҳиб шуд.

Ин намоишнома аз ҷониби Театри мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб ба намоиш гузошта шуда буд. Таҳиягар ва ороишдиҳандаи мусиқӣ - Ҳунарпешаи Халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Мирзоватан Миров, режиссёр - Раҳмоналӣ Одиназода, саррассом - Маҳмаднаим Валиев, рассом ва устои саҳна - Муҳаммадӣ Шарипов, ёварони коргардон - Ҳунарпешагони Шоистаи Тоҷикистон Мирзо Раҳмонов ва Худойназар Тилавов, режиссёри овоз - Фаридун Ҳамидов ва директор - Мустафо Ватанов мебошанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД