Модар! Оҳ модари чашмбароҳу дилсӯз! Замоне ба қадри ту ва ба қадри шири сафедат нарасида, туро хор кардам. Намедонам аз беақлӣ ё ҳирси пулу мол чашмонамро кӯр карда буд, ки он вақтҳо заррае бароям қадр надоштӣ. Оҳ модар!
Ту дар рӯзи иди модарон маро бо сад умеду орзу ба дунё оварда будӣ, то ҳамеша рӯзам бо хурсандӣ гузарад. Бо сад ранҷ калон кардӣ, хонондӣ ва қарзи модариятро ба ҷо оварда, маро хонадор кардӣ, вале мани гумроҳ ба қадри заҳматҳоят нарасидам. Ҳар рӯз бо ҳар баҳона туро озор дода то ба гиря мерасондам. Чашмонат аз гиря нобино шуданд. Ҳамон рӯзи шум ҳеҷ аз ёдам намеравад модар, зодрӯзамро ҳамроҳи ҷӯраҳои майзадаам ҷашн гирифтанӣ шуда, базми зебое оростам. Медонистам, ки маҳфилҳои ҳаромро хуш надорӣ ва албатта боз эрод мегирию панду насиҳат мехонӣ, ки одам шавам. Туро дар кулбаи фақиронаат маҳкам карда, дарро ба рӯят қулф задам, то ҷӯраҳоям чеҳраи заъфарониатро дида ба ҳолам наханданд. Намехостам бо ҳузурат айшамро тахл гардонӣ ва сарамро бо панду насиҳатхониҳоят гиҷ созӣ. Хуллас, ҳамон шаб бо бачаҳо то қарибиҳои субҳ нӯшидему хурсандӣ кардем. Намедонам кай хобам бурдааст. Вақте ки чашмони хуморамро кушодам, аллакай рӯз қариб бегоҳ шуда буд. Аранге гуруснаю ташна туро дар хона қулф карданам ба ёдам расид ва давон рафта дарро кушодам. Сарат ба гӯшае лағжида рӯйи кӯрпачаи кӯҳна хобида будӣ. Чанд маротиба туро такон дода аз хоб бедор кардан хостам, вале чашмони аз гиря варамидаатро дигар боз намекардӣ. Дарёфтам, ки кайҳо ҷон аз баданат баромадааст. Маст будам, якбора ҳушёр шудам ва бори аввал дар умрам фиғон кашида гиристам. «Оҳ, очаҷон, агар духтар медоштӣ, шояд ба ин аҳвол гирифтор намешудӣ» гӯён, ҷисми беҷонатро оғӯш карда, сарамро ба дару девор задам, вале дигар гӯшҳои умре дар ҳасрати як сухани неки писар будаат садоямро намешуниданд. Ҳамаи модарон орзу мекунанд, ки писар дошта бошанд, вале мани хирасар бача шуда ба ту чӣ кардам, модар?!
Модарҷон, пушаймонам аз амалҳои зиштам, вале афсӯс, ки вақтро дигар бозпас гардонда намешавад. Ин субҳ саркану мӯйкан сари мазорат рафта ашки ҳасрат рехтам. Медонам, фиғону нолаю ашкам дигар фоида надорад, аммо бо гиря диламро сабук месозам. Худованд ягон гуноҳро бе ҷазо намемондааст, ранҷу азобҳои ба ту додаамро аз фарзандонам кашида истодаам модар. Пуршиканҷатарин рӯзҳоро аз ҷабри бачаҳоям мебинам, вале пеши касе лаб ба шиква намекушоям, зеро медонам, ки ин ҷазост. Ҷазои худованд барои ба қадрат нарасиданам модар!
Рӯҳат шод ва хонаи охиратат обод бошад, модари ормониям!
Туро ранҷондаму кардам хатое,
Бихӯрдам пеши қисмат пешпое.
Камоли ношукр