Arzon march 2024
Касофати «Марворидҳои сиёҳ» Қисми 1
1913

 

Анора духтараки зебое буд, қомати баландашро кокулони заминрӯбаш зеб медоданд, таваҷҷӯҳи бинандаро кокулонаш ончунон ҷалб мекарданд, ки дигар аз ҳусну малоҳати чеҳрааш фаромӯш мекарданд.

Ин нозанин дар оилаи марди тақводор ба олам омада буду одобу ахлоқаш ба хироҷи мамлакат меарзид. Таъбири «хироҷи мамлакат» ҳамеша вирди забон кампири Ҳурматойи ҳамсояашон буд, ки танҳо онро дар таърифи Анора ба кор мебурд. Падараш Махдуми Аҳрор, аслан агроном буд, ҳарчанд аз авлоди домуллоҳои номӣ бошад ҳам, ҳаргиз ба хондани духтаронаш зид намебаромад. Ду писараш донишгоҳро дар риштаи иқтисод хатм намуда, мутахассисони хуби соҳаи худ буданд, ду духтари калонияш Донишгоҳи омӯзгориро ғоибона хатм намуда, ба насли наврас дарс медоданду соҳиби хонаву дару обрӯ буданд. Анораи чилгазамӯи кенҷагияш мактабро бо баҳои аъло хатм карда бошад ҳам, хонданашро идома надод. Ӯ назди зани амакаш, ки дӯзандаи номӣ буд, шогирд истод ва чевари чирадасте шуд. Анора аз хурдӣ ба дӯхтан шавқу ҳавас дошт ва акнун ҳама арӯсони деҳа ва деҳаҳои атроф куртаҳояшонро ба назди ӯ барои дӯхтан меоварданд. Зани амакаш Анораро мисли духтараш дӯст медошт, ин зани порсо шаш писар дошт ва духтари ҳеварашро барои писари паҳлавонаш Парвизшоҳ келин кардан мехост. Махдуми Аҳрор марди донишманде буд ва медонист, ки никоҳи хешу таборӣ оқибатҳои хубе надорад, аммо Зайнабхон бо гиряву зорӣ ҳеварашро розӣ кард. Ба қавле, ӯ остонаи дари хонаи ҳеварашро охӯрча кард. Шавҳараш Ҳоҷӣ Аброр ба Зайнабхони якрав гуфт, ки ман ба хотири ҳавасҳои ту дили акаамро намеранҷонам, як бор не гуфт, дигар маҷбураш намекунам. Аҳрору Аброр ду нафар буданд ва якдигарро бисёр дӯст медоштанду эҳтиром мекарданд, фарзандонашон мисли акаву додар буданд. Парвизшоҳро хеле барвақт бародари калонияш ба пойтахт бурда, онҷо аввал ба литсей дохил кард, баъд ба донишгоҳ, баъдтар ҷойи кори хубаш ёфту ҷавони чолок дар як муддати кӯтоҳ соҳиби хонаву дару мошину пулу мол шуда буд. Зайнабхон намехост, ки писари пулёбу зебояш духтари бегонаеро ба занӣ бигирад ва боре ин фикрашро ба Парвизшоҳ гуфт. Ҷавонмард каме хиҷолат кашиду баъд модарашро ба оғӯш гирифта шӯхӣ кард:

-О дар боғи амакам анори сурхи зебое сабз мешавад, шумо бошед, келин мекобед. Писар аз дили модар ҳарф мезад, Зайнабхон бо хушнудӣ аз абрӯвони пайвасти писараш бӯсида гуфт:-Ту ризо бошӣ, он тарафаш кори ман!

Зайнабхон бо авсунаш Нигорабегим мисли апаву хоҳар меҳрубон буданд, чун асли гапро аввал ба модари Анора гуфт, зан андешаманд посух дод, ки ин гуна корҳоро мардҳо ҳал мекунанд. Парвизшоҳ барои ман беҳтарин домод мешавад, оё ман аз ӯ беҳтареро меёбам?! Аммо феъли ҳеваратро хуб медонӣ, ӯ ҳаргиз аз зан маслиҳат намепурсад. Зайнабхон масъаларо бо ёрии шавҳараш ҳал карданӣ шуд, вале Махдуми Аброр не гуфт. Зани якрав пеши ҳевараш рафта, ашк рехт, зорӣ кард ва оқибат Парвизшоҳро бо Анора фотеҳа карданд. Анора писарони амакашро ака гуфта, дӯст медошт, Парвизшоҳро низ, вале ба ҳукми калонсолон зид набаромад. Пас аз ду моҳ, бародарон тӯйи зебое ороста, қудо шуданд. Парвизшоҳу Анора ду моҳ дар деҳа буданд, баъд онҳо ба пойтахт ба хонаи худашон кӯч бастанд. Онҳо якдигарро дӯст медоштанд ва зиндагии зебое доштанд. Андешаҳои Махдуми Аҳрор рост баромаданд, ин ҷуфти зебову сарватманд фарзанд надоштанд. Парвизшоҳ дар зинаҳои мансаб боло мерафт, Анора бошад, дӯкони дӯзандагӣ дошту пули хуб меёфт, вале аз зиндагияшон шаш сол гузашта бошад ҳам, ниҳоли қоматаш сабз намешуд.

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД