Sebiston new 2024 october
Карл III муддате аз корҳои ҷамъияӣ рафт
337

Дар бадани Подшоҳи Британияи Кабир Карл III бемории саратон ошкор шудаст. Дар ин бора Қасри Букингем хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки ин беморӣ ҳангоми бистарӣ шудан Подшоҳи ин кишвар дар беморхона бар асари васеъ шудани ғадуди простата ошкор шудааст.
“Подшоҳ ба таври маъмулӣ корҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатгузории расмиро идома медиҳад. Шоҳзода ба муолиҷааш боварӣ дорад ва умедвор аст, ки ҳарчи зудтар ба корҳои ҷамъиятӣ баргардад”, - иттилоъ додааст Қасри Букингем.

Қасри Букингем гуфт, ки Подшоҳ табобатро рӯзи душанбе оғоз кард ва табибон тавсия доданд, ки ӯ муддате вазифаҳои ҷамъиятиашро ба таъхир гузорад.
Карл III тасмим гирифт, ки натиҷаи ташхиси худро ошкор кунад, то аз гумонҳо дур бошад ба умеди оне, ки он "дар фаҳмиши мардум дар бораи онҳое, ки дар саросари ҷаҳон бо саратон рӯбарӯ ҳастанд" кӯмак хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки Карл III соли 2022 баъди марги модараш Элизабетаи II расман подшоҳи Британияи Кабир эълон шуда буд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД