Насле аз сулолаи Капурҳо
Яке аз гаронарзиштарин ва сердаромадтарин ҳунарпешаҳои Болливуд Карина Капур Хон (баъди оиладор шудан бо Сайф Алӣ Хон насаби шавҳарашро гирифтааст) 21-уми сентябри соли 1980 дар шаҳри Мумбайи Ҳиндустон, дар оилаи ҳунарманд ба дунё омадааст.
Карина насли чоруми сулолаи бонуфӯзи Капурҳо ба шумор меравад. Бобокалонаш Притҳвираҷ Капур (1906-1972), бобояш Раҷ Капур (1924-1988), падараш Рандҳир Капур (1947), модараш Бобита Шивдасанӣ Капур (1947), бародарони бобояш Шаммӣ Капур (1931-2011) ва Шашӣ Капур (1938-2017), амакҳояш Ришӣ Капур (1952-2020) ва Роҷив Капур (1962-2021), писарамакаш Ранбир Капур (1982) ва хоҳарбузургаш Каришма Капур (1974) ҳама ҳунарманди синамо буданду ҳастанд.
Ҳунарпешаҳои қолабшикан
Қаблан дар сулолаи Капурҳо танҳо мардҳо ҳаққи нақшофарӣ дар филмҳоро доштанд. Бонувон бошанд, маҷбуран ба шавҳар баромада, орзуву ҳавасҳои худро дар мазори қалбашон мегурониданд. Карина баъди хоҳарбузургаш Каришма дувумин зан дар сулолаи Капурҳо мебошад, ки анъанаи ин оилаи бонуфӯзро вайрон кардааст. Оре, Каришма ва Карина тавонистанд, ки қолаби шахшудаи сулоларо бишкананд ва ба синамои ҳинд роҳ ёбанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо дар баробари ҳунарпешаҳои соҳибистеъдод будан, бонувони ҷасуру нотарс низ ҳастанд.
Нахустин филму нахустин ҷоиза
Карина Капур соли 2000-ум ба синамо рӯй оварда, бори нахуст дар филми “Радкардашудагон” ҳамроҳи Абҳишек Баччан нақшофарӣ кардааст. Ҳарчанд ин аввалин нақши Карина дар соҳаи синамо буд, вале ӯ аз ҳамон филми аввалинаш муваффақият ба даст овард ва соҳиби ҷоизаи “Filmfare Award” гардид. Комёбии ҳунарпешаро ба назар гирифта, соли 2001 ба ӯ яку якбора пешниҳоди нақшофарӣ дар панҷ филмро карданд. Филмҳои “Ҷозибаи муҳаббат”, “Хотираҳо”, “Император”, “Бегонаи маккор” ва “Ҳам дар ғаму ҳам дар шодӣ” бо иштироки Карина тавонистанд, ки ҳамчун сердаромадтарин филмҳо дар таърихи синамои Болливуд сабт шаванд. Масалан, филми “Ҳам дар ғаму ҳам дар шодӣ” танҳо аз хориҷи кишвар 18 миллион доллар фоида ба даст овардааст.
Гоҳ бурду гоҳ бохт
Муваффақият ҳамеша насиби як нафар нест ва санъат низ гоҳо бурду гоҳи дигар бохт дорад. Солҳои 2002-2003 Карина дар шаш филм нақш офарид, вале ҳеҷ кадоми онҳоро тамошобинон хуб қабул накарданд. Аммо филми “Нидои шабона”, ки соли 2004 рӯи навор омадааст, мавқеи қаблии Каринаро дубора барқарор кард ва боварии тамошобинонро дигарбора ба даст овард. Филми мазкур фоидаи калон овард ва ҳамзамон, Карина сазовори дувумин ҷоизаи “Filmfare Award” гардид.
Филмнома
Карина Капур дар умум то имрӯз дар зиёда аз 56 филм нақшофарӣ карда, “Вақте ки мо вохӯрдем”, “Қиссаи ғамангези ишқ”, “Се аблаҳ”, “Ман туро дӯст медорам, модарҷон”, “Бародарон” ва “Хабари хуш” аз ҷумлаи филмҳои дӯстдоштании Карина мебошанд. Охирин филми ӯ “Мактаби англисӣ” мебошад, ки соли 2020 рӯи навор омада буд. Карина Капур ба хотири нақшҳои ҷолибу хотирмонаш панҷ маротиба ҷоизаи “Filmfare Award”-ро ба даст овардааст.
Зани хушбахт
Карина Капур зани хушбахт аст ва зиндагии орому осуда дорад. Ӯ 16-уми октябри соли 2012 ба Сайф Алӣ Хон ба шавҳар баромад, ки муносибатҳои ошиқона миёни ҷуфти ҳунарманд ҳанӯз соли 2007 оғоз гардида буд. Соли 2016 Карина нахустфарзанди худро, ки писар мебошад, ба дунё овард ва ба ӯ Таймур Алӣ Хон ном гузоштанд. Моҳи феврали имсол низ онҳо соҳиби як писарчаи дигар бо номи Ҷеҳ Алӣ Хон шуданд. Карина бонуи булҳавас нест ва ишқбозиҳои бемаъноро дӯст намедорад. То издивоҷ, ӯ ҳамагӣ бо як нафар, он ҳам Шаҳид Капур муносибатҳои ошиқона доштаасту халос.
Сайф Алӣ Хон кист?
Сайф Алӣ Хон, ҳунарманд ва продюсери 50-солаи ҳинд мебошад. Ӯ дар зиёда аз 60 филми синамогарони ҳинд ҳунарнамоӣ кардааст. Барандаи 6 ҷоизаи “Filmfare Awards”, 3 ҷоизаи “IIFA Awards”, 3 ҷоизаи “Zee Cine Awards”, 3 ҷоизаи “Star Screen Awards”, 2 ҷоизаи “Sansui Awards”, 3 ҷоизаи “Sports World Awards” ва чандин ҷоизаҳои дигар мебошад. Ӯ соли 1991 бо Амрита Сингҳ (1958), ҳунарпешаи ҳинд, ки аз худаш 12 сол калон мебошад, оиладор шуда, баъди 13 соли зиндагии муштарак, соли 2004 аз ҳам ҷудо шудаанд. Сайф ва Амрита соҳиби ду фарзанд, як писару як духтар мебошанд. Сара Алӣ Хон (1995) ва Иброҳим Алӣ Хон (2001) ҳамроҳи модарашон зиндагӣ мекунанд ва бо Карина низ муносибати хуб доранд.