Дугонаи арӯс
Ҳанӯз дар синфи даҳ мехондам, ки шоҳиди ҳодисаи ҳам ғамангезу ҳам хандаоваре гаштам. Духтари тағоям Сумангул бояд шавҳар мекард ва ман ҳамроҳи падару модарам ба хонаи тағоям ба тӯй рафтем. Сумангул аз ман хоҳиш намуд, ки дугона-шоҳидаш шавам. Аввал розӣ нашудам, вале духтари тағоям «қаду бастат мувофиқ, бисёр нозу нуз накун, хоҳӣ ҳам, нахоҳӣ ҳам, сведителнитсаи ман мешавӣ» гӯён ба ҷону ҳолам намонда, маро дар паҳлӯяш шинонд. Моро аввал ба тарабхона бурданд. Базму тараб то як поси шаб идома ёфт. Ҷавони зебои дар паҳлуи домод нишаста тез-тез сӯям чашмакӣ зада, маро ба рақс даъват мекард. Азбаски бори аввал ҳамчун дугонаи арӯс дар тахти баланди келину домодӣ дар қабати навхонадорон нишаста будам, шарм дошта, ҳар замон ҳаросон ба модараму бибиам, ки дар байни занҳо нишаста буданду чашмашонро аз минбари арӯсӣ намеканданд, менигаристам. Базм пуркушӯҳ гузашт ва корвони мошинҳои арӯсӣ боз ҷониби хонаи падари арӯс равон шуд, то арӯсак либоси миллӣ пӯшида, дуои падарашро бигирад ва сипас ба хонаи бахташ сафар намояд.
Тугунчаҳои пурасрор
Мо ба хонаи алоҳида гузашта дарро аз дарун бастем, то арӯс фатаашро кашида, либоси миллӣ пӯшаду барои хонаи домод рафтан тайёр шавад. Сумангул, ки аслан духтари чизпараст буд, хоҳиш намуд, ки боз як бори дигар сандуқҳояшро кушода бинаму ба ҷиҳози арӯсиаш баҳо диҳам. Вақте ки ба «арӯсхона» даромадем, Сумангул дар паҳлӯи ду сандуқаш ду бастаро дида ҳайрон шуд:
-Ин чӣ бошад?-гӯён арӯсак тугунчаҳоро кушод. Аз як тугун чанд куртаи қиммати зардӯзӣ ва аз дигараш ду-се матои нодӯхта баромад. Сумангул бо ҳайрат ба ман нигоҳ карда гуфт:
-Охир ин либосҳои ман-ку! Ана ин куртааш аз тарафи домод, инаш аз худам аст, модарам харида буданд…
Қарор додем, ки тугунчаҳоро пинҳон карда, омадани «соҳиби мол»-ро интизор мешавем. Ҳамин тавр борҷомаҳоро дар як гӯша пинҳон карда ба хонаи дигар гузаштем.
Кампири дузд
Дере нагузашта бибии ману Сумангул, яъне модари тағоям парешонхотир ба хона даромада аз мо пурсид:
-Шумо бастаҳои маро надидед?
-Чӣ хел баста буд?
Модаркалонамон нишонаҳои борҷомаҳои ёфтаи моро як ба як гуфта, таъкид кард, ки дар он тугунчаҳо либосҳои чиркинашро бастааст, то ба келинаш барои шустан диҳад. Ману Сумангул маънидорона ба ҳамдигар нигаристем. Духтари тағоям аз дурӯғгӯии кампири пояш ба лаби гӯр расида сахт ба ғазаб омада дод зад:
-Бибиҷон, либосҳоятон зардӯзӣ буданд?!
Кампир як қад парид ва фош шудани сиррашро эҳсос намуда лаҳзае дар ҷояш шах шуда монд. Ҳар дам сурху сафед мешуд, вале ёрои гапзанӣ надошт бибиам, шояд ӯ гумон карда буд, ки набудани чанд либос баъди ба хонаи домод бурдани сандуқҳо фош мешаваду қудоҳо аз ҳамдигар домангир шуда, моҷаро мебардоранд ё барои аз рӯзи аввал вайрон накардани муносибати хешутаборӣ лаб зери дандон мегиранд, аммо тираш хок хӯрд.
Забони ғару дузд дароз
Забони ғару дузд дароз мешавад гуфтагӣ барин, кампир ба ҷойи бахшиш пурсидан ба ҳуҷум гузашта, борони дашному ҳақоратро ба сари мо рехт.
-Илоҳо ҳардуятон рӯз набинед! Мани пирро шарманда карданиед шумо тирмизакҳои хонасӯхтаи худонотарс?! Хайр, як-ду либосро гирифта барои набераи духтариам мондам, магар бо ҳамин давлататон кам шуд?! Муред нодидаҳои кафангадо…
-Бибӣ, охир ту имонатро фурӯхта дуздӣ кардӣ,-сабаби ғазабашро фаҳмонданӣ мешуд Сумангул, вале кампир гуноҳашро ба гардан намегирифт ва аз ин «маҳмадоногӣ»-и арӯс бештар «оташ гирифта» борони дуоҳои бадро ба сараш мерехт:
-Илоҳо садшӯя шавӣ, тиррончак! Рӯйи фарзандро набинӣ, аҷинабашараи мурдаи чизу чора! Илоҳо дастат асло бачаро набинад! Илоҳо шӯят дар болоят даҳ зани дигар бигирад…
Кампир мисли чуғз ба ҷойи дуои нек дар рӯзи тӯяш ба сари Сумангули бечораи наварӯс борони лаънатро мебориду меборид.
Доду фиғони бибиамро шунида зани тағоям, модари ман ва худи тағоям ҳаросон ба хона даромаданд. Бибиам онҳоро ҳам дуоҳои бад карда, пуралам гиря кард. Асли воқеаро шунида тағояму занаш сахт хафа шуданд, вале на барои кори бибиам, балки аз беандешагии духтарашон, ки барои ду-се либос шуда, худро дар чунин рӯзи саид зери дуои бади кампирак мондааст.
Оқибати дуои бад
Тағову янгаам аз бибиам узр пурсиданд ва аз ману Сумангул хоҳиш карданд, ки дар бораи ин ҳодиса ба касе даҳон накушоем. Намехостанд ин овоза ба даҳони дӯсту душман афтида, кампир шарманда шавад. Ману Сумангул қавл додем, ки дуздии бибиамонро ба касе нагӯем ва ба қавли худ истодем, аммо…
Дуои бад, ҳатто дуои ноҳақ ҳам одамро мегирифтааст. Ман инро дар мисоли тақдири духтари тағоям Сумангул эҳсос намудам. Дуои бади бибии куртадуздам Сумангулро гирифт ва бечора аз дунё рӯз надид. Сарашро ба санги осиёб зада, ба дари садҳо духтуру табибон рафта бошад ҳам, нахли умраш бор наовард ва пас аз панҷ соли хонадорӣ бо сабаби бефарзандӣ шавҳараш талоқи Сумангулро дод. Бибиамон кайҳо вафот карда бошад ҳам, Сумангул ҳар гоҳ маро бинад, оҳи бадарду ҷонсӯз кашида мегӯяд: «Эҳтиёт шав дугонаҷон, дуои бибиамон маро гирифт, боз туро ҳам нагирад! Кошкӣ асрори тугунчаҳои лаънатиро фош намекардему кампир ҳамон куртаҳои сабилмондаро мегирифт…»
Ман, ки хеле дер, пас аз чандин соли тӯйи Сумангул ба шавҳар баромада истодаам, метарсам, ки мабодо рӯзи духтари тағоям ба сарам наояд. Сумангул-ку ба қавли бибиам «маҳмадоногӣ» кард, вале мани бечора дар ин моҷаро чӣ гуноҳ доштам, намедонам!