arzon replenishment
Кампири 100-солае, ки 100 абера дорад
1336


Саодат Каримбекова, сокини маҳаллаи Чорчароғи шаҳри Хуҷанд буда, умри беш аз якасра дорад.

Бибии Саодат 102-сола буда, солзоди худро ба давраҳои цабл аз интилоб рабт медиҳад. Ба гуфтаи худи қаҳрамони мо дар он давраҳо занҳо ягон ҳуқуқ надоштаанд ва босмачиҳо ба занону духтарони дилкашу зебо “чашм ало карда” мисли гургони гурусна сайдашонро бо кадом роҳе, ки набошад, ба даст меоварданд.

Биёед, достони зиндагии ин зани дарозумрро аз забони худаш бишнавем.
Падарамро барои боигариаш кулак карданду...
Саодатбибӣ давраи кӯдакию наврасиашро ба ёд оварда, чунин қисса мекунад:

-Падарам одами бою сарватманд буданд. Он солҳо ҳукумат одамони дороро чашми дидан надошт ва ба гардани одамони сарватманд ҳаман ягон гуноҳро бор карда, ба Сибир бадарға мекарданд. Падари маро ҳам барои боигариаш кулак карда бурдаанд. Бечора модарам бо фарзандони хурдсолаш тани танҳо монда, моро бо азобҳои зиёд калон кардааст.

Арӯси 15-сола

Саодатбибӣ мегӯяд, дар он давра духтарҳоро барвақт хонадор мекарданд ва замони ба шавҳар баромаданаш ӯ ҳамагӣ 15-сол доштааст.

-Вақте, ки шавҳарам маро талабгор шуда, хостааст зан кунад, ҳамагӣ 15-сол доштам, шавҳарам бошад аллакай 30-35 сола буд. Ба фарқияти калони синну солӣ нигоҳ накарда, модарам маро ба ӯ ба шавҳар дод. Он вақтҳо духтар ҳаққу ҳуқуқи интихоб кардан надошт ва ман ҳам ба тақдирам тан дода, зиндагӣ кардам. Худованд ба мо 8 фарзанд ато намуд. Шукр ҳамаи фарзандонам чун гавҳараки чашм нигоҳубинам мекунанд.

Эркаю нозук набудам

Саодатбибӣ мегӯяд, аз ҷавони устухонаш бо меҳнат шах шудааст ва аз ҳамин хотир ҳамеша ба фарзандонаш низ таъкид мекунад, ки инсон бояд аз меҳнати ҳалол нон хӯрад, зеро баракати нони меҳнатӣ дигар аст.

“Дар завод ҳам кор кардам, дар саҳро ҳам, дар хона ҳам,вале як умр меҳнати вазнин карда бошам ҳам, шукри худованд бе дарду ранҷ ба синни мубораки 102-солагӣ расидам. Ман аз давраи ҷавонӣ эркаю нозук набудам. Шабу руз кор мекардам, бар замми ин, ҳунари дузандагию бофандагӣ ҳам доштам. Баъди кори корхона дар хона бо ҷомадузию дузандагӣ машғул мешудам.

Гоҳо шаб то саҳар дар сари чокдузӣ менишастам. Мардам, ки рӯ ба шароб оварда буд, маҷбур будам, ки илоҷе карда, зиндагиро худам пеш барам. Ҳамин тавр 8 фарзандро бо нони ҳалол калон карда, соҳиби хонаву дар гардондам” мегӯяд Биби Саодат.

36 набера, 106 абера, 25 чабера

Саодат Каримбекова кампири бадавлат аст. Ин зани 102 солаи тоҷик соҳиби 8 фарзанд, 36 набера, 106 абера ва 25 чабера буда, дар ҳалқаи фарзандон ва набераву аберагонаш давлати пирӣ меронад.
Озод Каримбеков, фарзанди аз ҳама хурдии Саодат Каримбекова буда, аз модари 100-сола доштанаш фарх мекунад.
Синну соли Бибии Саодат аз 100 гузашта бошад ҳам, мустақилона дар саҳни ҳавлӣ гаштугузор мекунад. Рӯзҳои офтобӣ ин кампири табаррук ба кати рӯи ҳавлӣ баромада менишинад ва дастони ларзонашро ба дуо бардошта мегӯяд: “Худоё худовандо, осмони диёри моро ҳамеша офтобӣ нигоҳ дор!”

Фарзона Муродӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД