Дар бадани ин тифлаки 9-моҳа худ аз худ сураҳои Қуръон пайдо мешаванд. Алӣ имрӯз ба як мӯъҷизаи зиндае табдил ёфтааст, ки одамони зиёде ба зиёраташ меоянд...
Дар Доғитстон тифлаки аҷоибе ба дунё омадааст, ки дар баданаш натанҳо калимаҳои арабӣ, балки сураҳои пурра аз китоби муқаддаси Қуръон пайдо мешавад. Айни замон ин писарча ба як мӯъҷизаи зиндае табдил ёфтааст, ки мусалмонони зиёде ҳамарӯза ба зёраташ меоянд.
Писараке, ки дар баданаш сураҳои китоби муқаддаси Қуръон пайдо мешаванд Алӣ ном дошта, нав 9-моҳа шудааст. Модари кӯдак дар сӯҳбат бо хабарнигорони барномаи “Вести”-и телевизиони Русия қисса кардааст, ки фарзандаш аз лаҳзаҳои аввалини ба дунё омадан кӯдаки маъмулӣ набуд.
“Гирди лаб ва таги чашмони кӯдак каб-кабуд буд, вале табибон сабабашро муайян карда натавонистанд. Ин кабудӣ баъдтар гум шуда, дар ҷояш ҳарфҳои арабӣ пайо шуданд. Ростӣ, мо аввал чӣ маънӣ доштани ин ҳарфҳоро нафаҳмидем, аз ҳамин хотир муллои деҳаамонро даъват кардем.
Домулло бо диққат ба навиштаҷот нигариста гуфт, ки дар рӯйи писарчаи мо “Аллоҳ” навишта шудааст”-қисса мекунад модари писарак.
Пайдо шудани калимаи “Аллоҳ” дар рӯйи Алӣ оғози кор буда, баъдан дар бадани писарак натанҳо калимаҳои алоҳидаи арабӣ, балки ҷумлаҳои пурра аз китоби муқаддаси Қуръон пайдо шудан гирифтанд.
Имрӯз Алӣ ба як нусхаи зиндаи каломи худо табдил ёфтааст ва ҳамарӯза одамони зиёде ба зиёрати ин тифлаки муқаддас меоянд.
Олимон ва ходимони дин дар шарҳи ин мӯъҷиза оҷизӣ мекашанд.