arzon replenishment
КАФАНИ АРӮСӢ
5432

Хосият дар назди болини духтари ягонааш нишаста буд ва ҳар гоҳ ба чеҳраи заҳири Нигина нигарад, дунё дар назараш тираю торик мегашт. Дили модари зор ба ҳоли духтараш хун мегирист, зеро Нигинаи рӯйи бистари беморӣ хобида ба сурате, ки дар девор овехта шуда буд, ҳеҷ монандие надошт.

Ранги шабеҳи заъфарону лабҳои парсингбастаи Нигина дили сангро ҳам об мекард дар ин шабу рӯз. Гул барин духтарашро бемории вазнин ба чунин ҳол расонд. Дар дил ин хел умед надошт Хосият, мехост Нигинаро арӯс карда ба хонаи бахташ гусел намояд ва нидоҳои «муборак бод» - и дӯстонро шунавад, вале тақдир бо ӯ чунин бозии бераҳмона кард. Духтарак ба дарде гирифтор шудааст, ки касе дармонашро намедонад. Модар аз Нигина чашм канда наметавонист.

- Модарҷон, об диҳед, - оҳиста лабони парсингбастаашро ҷумбонда хоҳиш менамуд бемор.

Модар об дод, Нигина боз чашмонашро пӯшид. Ба ҳоли духтари аз сад гул як гулаш нашукуфтаи донишҷӯи аълохонаш мисли ҳезуми тар дарун-дарун месӯхт Хосият, вале боз худро таскин медод, ки Худо хоҳад, Нигинаҷонаш шифо меёбад.

Нигина фарзанди калони оила, духтари ягонаи падару модар ва толибаи аълохони мактаб буд. Ӯ то хатми мактаби миёна дар назди падар оиди касби дилхоҳаш лаб накушода буд, вале модар аз ҳамааш бохабар буд ва медонист, ки духтараш инженер шудан мехоҳад.

Хосият бисёр мехост Нигина ба муроди дилаш расида соҳиби маълумоти олӣ шавад ва бахташро аз донишгоҳ ёбад. Худаш ки бо ишқу муҳаббат хонадор шуда буд, мехост Нигинааш ҳам бо ҷавони дӯстдоштааш хонадор шавад. Хосият касби модарашро пеша карда, дар фабрикаи дӯзандагии «Гулдаст» кор мекард. Муродуллоҳ ҳамкасби бародараш буд. Онҳо ҳамеша бо бародараш машғулиятҳоро тайёр менамуданд. Рӯзе модараш Муродуллоҳро таъриф карда гуфт:

- Ин ҷавон аз куҳистони баланд аст. Дар оилаи чӯпон тарбия ёфта бошад ҳам, донишу интизомаш аз бачаҳои шаҳрӣ беҳтар аст.

Пас аз ин суханҳои модар дар дили Хосият нисбати Муродуллоҳ меҳри аҷибе пайдо шуд. Акнун вай либосҳои ҷӯраи акаашро мешуст, дарзмол мекард ва ҳамеша Муродуллоҳро бо чеҳраи кушод пешвоз мегирифту гусел менамуд.

Муродуллоҳ баъди хатми Донишкадаи давлатии омӯзгорӣ фаъолияти кориашро дар яке аз рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ оғоз намуда риштаи тақдирашро бо Хосият пайваст. Шавҳари бомаърифаташ чанд бор ба Хосият тавсия намуд, ки дар ягон мактаби олӣ таҳсилашро давом диҳад, аммо ҷавонзан рад кард.

Дертар пушаймон шуд, ки чаро гапи шавҳарашро нагирифт, аз ҳамин хотир бе маълумот мондани фарзандонашро намехост. Нигина пас аз хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи муҳандиси сохтмонии Донишгоҳи техникӣ супурдан мехост, вале падараш Муродуллоҳ зид баромада ба ӯ фаҳмонд, ки сохтмон кори зан нест.

Нигина суханҳои падарро бо диққат гӯш карда ба хулосае омад, ки ҳуҷҷатҳояшро ба факултаи филологияи рус, Донишкадаи омӯзгорӣ супорад.

Дониши хуб ки дошт, имтиҳонҳоро бо баҳои «аъло» супурда, донишҷӯ шуд. Акнун сурати зебои Нигина тахтаи фахрии донишгоҳро зебу зиннат медод. Мӯйҳои дароз, зулфони ба бари рӯяш хамида, чашмони сиёҳу миҷгонҳои дароз-дароз ва қаду басти базеби ин фаришта аз нисф зиёди бачаҳои донишгоҳро «девона» карда буд.

Ҷавонон аз пасаш мисли соя гашта мехостанд бо Нигина суҳбат кунанд, аммо вай худро мудом дур мегирифт. Рӯзе дар китобхонаи донишкада конспект менавишт, ки Саид ном донишҷӯи аз Нигина як курс боло мехонда пайдо шуд ва табассумкунон пурсид:

- Ҳа, Нигина, чиҳо навишта истодаӣ?

- Ба машғулият тайёрӣ дида истодаам,-бепарвоёна ҷавоб дод духтар.

- Нигина, ростӣ, ду сол боз ман рафтори туро назора мекунам. Ба худо фариштаӣ! Ба падару модарат фаҳмон, ман ба хонаатон хостгор мефиристонам,-тарошаи аз бом афтода барин якбора гапро ба хонадоршавӣ бурд Саид.

Нигина аз шарм лола барин суп-сурх шуда рӯяшро ҷониби тиреза гардонд, вале Саид аз он ҷавононе набуд, ки ба осонӣ аз дури мақсуд даст мекашанд. Акнун ҳар рӯз пас аз дарс Саид Нигинаро то назди хонаашон гусел менамуд ва як шом худаш ба модари Нигина арзи дил кард.

- Мо падару модарон хурсандии фарзандро мехоҳем, вале ин масъаларо ман ҳал карда наметавонам. Бо падараш дар ин бора суҳбат мекунем, баъд ҷавобашро ба шумо мегӯем-ваъда дод модари Нигина.

Дар ин байн барои Нигина чанд нафар ҷавонони дигар хостгорӣ намуданд, вале падараш Муродуллоҳ ба ҳама талабгорон як гапро мегуфт:

- Нигина донишкадаро хатм намояд, сипас худаш интихоб кунад!

Дар соли чоруми таҳсил Нигина баногоҳ бемор шуд. Ҳолаш рӯз то рӯз вазнинтар мегашт. Табибон ба хулосае омаданд, ки агар дасташро набуранд, беморӣ тамоми баданашро фаро мегирад. Падараш Нигинаро ба дигар беморхонаҳои берун аз ҷумҳурӣ назди табибони кордон бурд, вале онҳо ҳам хулосаи табибони тоҷикро тасдиқ намуданд.

Дигар аз дасти онҳо чӣ ҳам меомад, замин сахту осмон баланд аст гӯён, падару модар ночор розигӣ доданд. Ҳамин тавр Нигина аз даст маҳрум шуд. Дигар касе аз талабгоронаш оиди хостгорӣ сухан намекард, танҳо Саид ҳамоно аз маҳбуби дилаш дил наканда, ғамшарики Нигина буд.

Падару модари Саид ҳам ба дидорбинӣ меомаданд ва Нигинаю падару модарашро дилдорӣ дода мерафтанд. Хосият чандин маротиба бо Саид оиди саломатии Нигина суҳбат карда, гуфт, ки умедашро канад, аммо ҷавон дар муҳаббаташ мисли куҳ устувор монда мегуфт:

- Модар, дар ду дунё ба ман ғайри Нигина дигар касе лозим нест!

Муддате саломатии Нигина беҳтар гашт, вале боз бемориаш авҷ гирифта дасту дилашро аз зиндагӣ шуст. Рӯзи таваллуди Нигина буд. Саиду падараш бо дастагули зебо ба табрику аёдати Нигина омаданд. Ҳолати Нигина вазнинтар шуда, сараш дар сари зонуи модар буд.

- Саид, ҳоло ҳам умед дорӣ? Умедатро кан ҷонам, ман сафаре дорам, сафари бебозгашт,-пичиррос зад Нигина бо садои ҳазин канда - канда.

- Нигинаҷон маро ноумед накун, худатро ба даст гир!-Саид сари маҳбубашро силакунон ашки чашмонашро бо бари остин пок намуд.

Нигина боз чизе гуфтан мехост, аммо мадор накард, чашмонаш пӯшида шуданд ва сараш аз сари зонуи модар лағжид. Хосият бо эҳтиёт сари духтарашро бардошт, вале Нигина аллакай ҷон ба ҷонофарин супурда буд…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД