Фоидаҳои кадуча (кабачки) ба саломатии инсон
100 грамм кадуча (кабачки) ҳамагӣ 24-27 калория ғизонокӣ дорад.
Ин сабзавот аз клетчатка ғанӣ буда, зуд эҳсоси сершавӣ пайдо гардида, ба кам шудани иштиҳо мусоидат мекунад.
Кадуча аз ҷавҳари аскорбин ғанӣ буда, масунияти баданро баланд мебардорад.
Дар таркиби 100 грамм кадуча 20% вояи шабонарӯзии витамини C мавҷуд аст.