Аз 2 то 4-уми майи соли 2025 дар пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Dushanbe Grand Slam-2025” баргузор гашта, баробари варзишгарони машҳури хориҷӣ дар он ҳамчунин ҷудокорони шинохтаи тоҷик қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Имрӯз, 2-юми май, дар рӯзи аввали мусобиқа дар сабқати байни мардон Муҳаммадсолеҳ Қувватов, Лоиқ Қутбиддинов, Меҳрзод Суфиев ва Ҳақдод Гулов дар вазни 60 кг, Обид Ҷебов, Эмомалии Нуралӣ, Ëсин Бобокалонов ва Эҳсон Сафарзода дар вазни 66 кг қувваозмоӣ карда истодаанд.
Дар байни занон дар вазни 48 кг Аҳлия Мӯминова, дар вазни 52 кг Мадина Қурбонзода, Зуҳал Ҷумаева ва дар вазни 57 кг Александра Кан ва Раҳмия Ханҷарбекова шарафи ҷудои тоҷикро ҳимоя хоҳанд кард.
Мусобиқаи байналмилалии ҷудо “Dushanbe Grand Slam-2025” дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обӣ баргузор мегардад.