arzon replenishment
Кадом ранги линза ба чашмони занону духтарон бештар мезебад?
1010

Ба чашм линза гузоштан солҳои охир дар байни бонувон мӯд шудааст, вале на ҳар зан метавонад линзаи ба чашмони худ муносибро интихоб намояд. Аксари занону духтарон дар интихоби ранги линза ба хатоӣ роҳ медиҳанд ва дар натиҷа линзаи гузоштаашон он ҷаззобиятеро, ки дилшон мехоҳад, ба чашмонашон дода наметавонад.

Барои он ки линза чашмони шуморо боз ҳам зеботар ҷилва диҳад, чанд маслиҳати муфидро дар боби интихоби ранги линза манзуратон месозем. Дар интихоби линза пӯсти рӯй, ранги чашму арбрӯвон, синну сол ва дигар хусусиятҳои хоси шахсияти занро ба назар гирифтан лозим аст.

Линзаҳои сиёҳ

Линзаҳои сиёҳ равшаниро баробар паҳн мекунанд. Ин намуди линза ба беҳтар кардани контраст дар муҳити офтобӣ ва равшан хуб аст. Линзаи сиёҳ ба бонувони чашму абрувонашон сиёҳ сарфи назар аз синну солашон хеле зебанда аст.    

Линзаҳои сабз

Линзаҳои сабз метавонанд ҷаззобияти чашмҳоро дар муҳити равшан бештар таҷассум намоянд. Истифода бурдани линзаҳои сабз занро ба назар боз ҳам зеботар ва дилкаштар нишон медиҳад. Аммо ин намуди ланза ба одамони сабзина ва бонувони аз 40 сола боло он қадар намезебад. Линзаи сабз дар чашмони занону духтарони сафедпӯст, ки мӯйҳои зарди тиллоӣ доранд, хеле забанда аст.

Линзаҳои қаҳваранг

Линзаҳои қаҳваранг барои беҳтар кардани контраст дар муҳити хира, масалан дар рӯзҳои абрии зимистон хеле муфиданд. Ин навъ линза кумак мекунанд, ки рангҳо ба назар равшантару шаффофтар намоянд. Линзаҳои қаҳваранг ҳам ба бонувони сабзина ва ҳам ба хонумҳои сафедпӯст зебандаанд. Онро дар ҳар синну сол метавон ба чашм гузошт.

Линзаҳои зард ё тилоӣ

Линзаҳои зард ё тилоӣ махсусан барои шароити пуршиддати боду ҳаво ё дар роҳҳое, ки танҳо каме равшанӣ доранд, муфиданд. Ин намуди линзаҳо хусусан ба варзишгарон ва кӯҳнавардон, ки дар шароитҳои номусоидибоду ҳаво ва рӯзҳои тираву абрнок ба сайру саёҳат мебароянд, мувофиқ мебошанд. Линзаҳои зард ё тилоӣ ба бонувони зардина ва сафедпӯсти то 30 сола бештар зебандаанд.

Ин буд чанд маслиҳати муфид дар боби интихоби линза барои чашм. Умедворем, ки линзаи интихобкардаатон чашмони шуморо боз ҳам ҷозибтар нишон дода, ба ҳуснатон ҳусни тоза зам мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД