Arzon march 2024
Кадом намуди чатрҳо дар соли 2025 мӯд шудаанд?
190

Чатр танҳо асбоби муҳофизат аз борон нест, балки як аксесуари мӯд мебошад, ки метавонад тасвири шуморо пурра кунад. Бо интихоби дурусти чатр, шумо натанҳо худро аз боду ҳавои номусоид муҳофизат мекунед, балки завқ ва салиқаи худро низ ба дигарон нишон медиҳед.  

Омилҳои муҳими интихоби чатр

Чатрҳо аз маводҳои гуногун, аз қабили полиэстер, нейлон, атлас ва ҳатто чӯб сохта мешаванд. Чатрҳои аз полиэстер ва нейлон тайёршуда обногузар ва сабуканд, атлас ба чатр намуди боҳашамат мебахшад, чӯб бошад, чатрро устувортар мегардонад.

Андоза ва шакли чатр

Чатрҳо андоза ва шаклҳои гуногун доранд: аз чатрҳои хурди ҷайбӣ то чатрҳои калон барои якчанд нафар. Шакли чатр метавонад росткунҷа, мудаввар ё ҳатто ба шакли боғ бошад.

Рамзҳо ва нақшҳо

Чатрҳо бо рамзҳо ва нақшҳои гуногун оро дода шудаанд. Ин имкон медиҳад, ки шумо чатреро интихоб намоед, ки ба услуби шахсии худатон мувофиқ бошад.

Чӯбча

Чӯбчаи чатр бояд устувор ва бароҳат бошад. Чатрҳо бо чӯбчаҳои чӯбӣ ва металлӣ устувортаранд, чӯбчаҳои пластикӣ бошанд, нисбатан сабук ва арзонтар мебошанд.

Намудҳои чатр

Чатрҳои автоматӣ бо як клик кушода ва пӯшида мешаванд.

Чатрҳои механикӣ-ин намуди чатрро бо даст кушодан лозим меояд.

Чатрҳои ҷайбӣ- хурдкак ва сабук буда, ба осонӣ дар сумка ҷойгир мешаванд.

Чатрҳои тропикӣ-калон ва устувор буда, барои муҳофизат аз борони шадид ва барф пешбинӣ шудаанд.

Чатрҳои офтобӣ - матои сабук ва шаффоф дошта, шахсро аз офтоб муҳофизат мекунанд.

Дар интихоби чатр чиро бояд ба назар гирифт?

1. Мавсим ва обу ҳаво

Агар шумо дар минтақае зиндагӣ мекунед, ки боронҳои шадид меборад, чатри тропикиро интихоб кунед. Барои рӯзҳои офтобӣ, чатри офтобӣ беҳтар аст.

2. Салиқаи шахсӣ

Чатрро мувофиқи либос ва аксесуарҳои худ интихоб кунед.

3. Буҷа ва имконияти молиявӣ

Вобаста ба сифаташон нархи чатрҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Ҳангоми интихоб шумо бояд имкониятҳоли молиявӣ ва буҷҷаи худро ба назар бигиред.

4. Сифат

Чатри баландсифат муддати тӯлонӣ хизмат мекунад. Хоҳед, ки онро чанд сол истифода баред, шуморо лозим меояд, ки маблағи бештар сарф намуда, чатри босифат харед

5. Нигоҳдории чатр

Пас аз истифода, чатрро хушк кунед ва дар ҷои хушк нигоҳ доред. Дар фасли тобистон бошад,чатрро аз нури офтоб муҳофизат намоед, то ки ранг ва матоъи он осеб набинад. Ба чӯбчаи чатр мунтазам равғани махсус молидан лозим аст, то ки сифаташ коста нагардад.

Бо риояи ин маслиҳатҳо, шумо метавонед чатреро интихоб кунед, ки барятон солҳои зиёд хизмат мекунад.

Судоба АКОБИРЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД