Sebiston new 2024 october
Кадом хӯрокҳо хобро мепаронанд?
09.12.2024
ОИЛА.ТҶ
818

Хоб кафили саломатии хуб аст. Агар хоб вайрон шавад, дар саломатӣ мушкилот сар мезанад. Диетологҳои олмонӣ муайян кардаанд, ки дар баробари реҷаи ҳаррӯза, ғизои мо ба сифати хобамон низ таъсир мерасонад.

Камхобӣ масуниятро заиф месозад ва диққатнокиро коҳиш медиҳад. Баъзе одамони камхоб бештар хӯрок мехӯранд ва вазн мегиранд - ин аз норасоии энергия аст.

Бар асари бехобӣ инсон метавонад гирифтори фишорбаландӣ ва бемории диабети қанд шавад. Ҳамзамон бехобӣ хатари пайдоиши бемории альцгеймер ва деменсияро зиёд мекунад.

Нӯшидани қаҳва баъди нисфирӯзӣ сабабгори бехобӣ мегардад. Шоколад хӯрдании лазиз бошад ҳам, какаои таркиби он дорои модаи теобромин буда, хобро халалдор месозад.

Истеъмоли хӯриш ва сабзавоти хом пеш аз хоб низ боиси бехобӣ мегардад, зеро дар меъда ҳазм нашуда, дамиши шикамро ба вуҷуд меорад.

Хӯроки қаланфурдор низ бо сабаби модаи капсаитсин доштанаш ҳарорати баданро баланд намуда, сабабгори бехобӣ мегардад. Сирпиёз (чеснок) низ боиси дамиши шикам ва ташна шудан гашта, хобро вайрон мекунад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД