arzon replenishment
Кадом донишгоҳҳо кафедраи ҳарбӣ доранд?
1505

Ҳукумати кишвар дастур додааст, ки рӯйхати муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олии касбӣ, ки дар сохтори онҳо кафедраҳои (факултетҳои) ҳарбӣ мавҷуданд, тасдиқ карда шавад.

Ин рӯйхат 9 донишгоҳро дар бар мегирад, ки сохтори онҳо кафедраҳои ҳарбӣ доранд, чун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймумин Раҳимов, Институти энергетикаи Тоҷикистон ва Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон.

Бояд гуфт, ки пас аз қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи ӯҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» дар таҳрири нав, хатмкунандагони донишгоҳҳо, ки дар кафедраҳои тайёрии ҳарбӣ таҳсил карда, баъди адои хидмати якмоҳаи ҳарбӣ рутбаи лейтенантӣ мегирифтанд, акнун 1 сол хизмат карда, баъдан рутба мегиранд.

Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке аз аввалин сохторҳои омоданамоии мутахассисони соҳаи ҳарбӣ дар қаламрави кишвар маҳсуб меёбад. Он бо қарори собиқ Шӯрои вазирони ИҶШС № 177- 58 аз 15 марти соли 1965 бо фармони Вазири мудофиаи ИҶШС № 024 аз 04.08. 1965 ташкил шудааст.

Пойгоҳи кафедраи ҳарбӣ имрӯз бо тамоми лавозимоти таълимӣ таъмин буда, аз 15 синфхонаи таълимӣ, майдончаи сафороӣ, парки техникӣ ва як лаборатория иборат мебошад. Ба кафедраи ҳарбӣ дар воҳидҳои кории ғайринизомӣ се нафар афсароне, ки ба эҳтиёт рухсат шудаанд ва рутбаи ҳарбии афсарии калонро доранд ҳамчун омӯзгор кабул шуда фаъолият менамоянд.

Дар кафедраи ҳарбӣ афсарони эҳтиёт аз рӯи чор ихтисос тайёр карда мешаванд: командири взводи савораи тирандоз дар мошинҳои зиреҳпӯш (БТР), командири взводи радиоалоқа, командири взводи муҳофизати кимиёвӣ ва тарҷумони ҳарбӣ.

Фаъолияти кафедраи ҳарбии назди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон 14 феврали соли 2023 оғоз гардид.

Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии Данғара бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2014, №261 ва фармони вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2014, №329 дар заминаи филиали кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъсис дода шудааст.

Кафедра аз рӯи ихтисоси командири взводи савораи тирандоз дар МҶП-2 мутахассисони эҳтиётиро барои Қувваҳои Мусаллаҳ омода мекунад. Ҳамаи синфхонаҳои дар ихтиёр дошта пурра бо айёниятҳои зарурӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки афсарону донишҷӯён аз онҳо васеъ истифода мебаранд.

Оғози қабул ба кафедраи ҳарбии Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ аз соли 1956 мувофиқи қонуни ИҶШС “ Дар бораи уҳдадоиҳои ҳарбӣ” ва “Низомномаи тайёрии ҳарбии донишҷуён” дар ДПТ дар қатори дигар фанҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст.

Самти асосии тайёр кардани афсарон ин тайёр кардани командирони взводҳои тирпарронӣ буд. Дар сохтори кафедра се марҳилати таълимӣ барои таёнр намудани афсарони Қувваҳои мусаллаҳ аз руи ихтисоси ҳарбӣ амал мекунад, ки инҳо тайёрии ҷангии қисму ҷузъҳои артилерӣ ва миномётҳо мебошад.

 

Кафедраи ҳарбии Донишгоҳи аграрии Тоxикистон яке аз аввалин кафедраҳои ҳарбӣ дар кишварамон мебошад. Он соли 1941 дар ибтидои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчун кабинети ҳарбӣ таъсис дода шуд. Ба он супориш дода шуд,ки ҳамаи донишҷӯён ва профессорону муаллимони донишгоҳро ба таълими ҳарбӣ фаро гирад. Донишҷӯёну омӯзгорон пас аз таълими ҳарбӣ гирифтан ба муҳофизати Ватан сафарбар шуда, дар майдони ҷанг шуҷоату қаҳрамонӣ нишон доданд.

Соли 1944 кабинети ҳарбии донишгоҳ ба кафедраи ҳарбӣ табдил дода шуд Он бо байрақи Сурхи сайёри Шӯрои ҳарбии ҳавзаи Осиёи миёна ва 7 маротиба бо ифтихорномаи фахрӣ ва ифтихорномаи фармондеҳи Қушун сарфароз гардидааст.

Кафедра дар 26 соли фаъолияташ зиёда аз 13000 афсарони эҳтиётӣ тайёр кардааст, ки як қисмашон дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар сохторҳои қудратӣ хизмат карда истодаанд.

 

Бояд гуфт, ки нақши кафедраҳои ҳарбӣ дар омода намудани мутахассисони низомӣ басо назррас аст. Ҳамасола садҳо ҷавони ғаюру матинирода кафедраҳои мазкурро хатм намуда, ҳамчун мутахассис ба сафи ҷузъу томи Артиши миллӣ мепайванданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД