Салом! Ман модари 2 фарзанд ҳастам ва дар як масъалаи муҳим аз шумо маслиҳат пурсиданиям.
Гап дар сари он аст, ки чанд вақт боз таги чашмони духтарчаи 10-солаам варам карда, кабудфом мешавад. Гоҳ-гоҳ аз дарди миён шикоят мекунад, вале баъди чанд лаҳза боз аз паси шӯхию бозии худаш мешавад. Мехостам донам, ки ин нишонаи ягон беморӣ аст ё ҷойи ташвиш кашидан нест?
Назира, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
Посух
Хоҳари азиз, агар чашмони духтарчаатон баъди аз хоб хестан андак варамкарда намоянд, боке нест, чунки дар давоми шаб гардиши хун дар рӯй фаъол мешавад ва ин ба намуди зоҳирии инсон бе таъсир намемонад. Маъмулан баъди 10-15 дақиқа ранги рӯйи кӯдак ба ҳолати муқаррарӣ бар мегардад, вале баъди як соат ҳам кабудию халтаҳои зери чашмони духтарчаатон нест нашаванд, ӯро ба духтур баред. Кӯдакро пеш аз ҳама ба духтури нефролог нишон додан лозим аст, зеро бештар шамолкашӣ ва варами гурда-бемории пиелонефрит боиси кабудшавӣ ва варами таги чашм мегардад. Пайдо шудани дардҳои кунд дар мавзеъи миён низ нишонаи бемории гурда буда метавонад.
Ногуфта намонад, ки ба ғайр аз иллатҳои гурда, ҳамчунин бронхит, бемориҳои дил ва гипотиреоз, яъне ҷоғар низ боиси варам кардани таги чашмон гашта метавонанд. Духтурон баъди ташхис ба хулосае оянд, ки узвҳои дохилии фарзанди шумо солиманд ва кабуд шудану варам кардани чашмонаш аз беморӣ нест, назорат кунед, ки минбаъд дасту рӯяшро бо оби ширгарм шӯяд. Барои пешгирии варам пас аз соати 7-и бегоҳ ба кӯдак дигар хӯрок надиҳад. Шабона бояд оби бисёр нанӯшад. Хӯрокҳои шӯр ва консерваҳои дар намак хобонидашударо истеъмол накунад.
Метавонед гашничро дар об ҷӯшонда, обашро ба духтарчаатон диҳед. Оби гашнич пешоброн аст ва гурдаҳоро тоза мекунад. Дар фасли тобистон ба кӯдакон бештар тарбуз додан лозим аст, зеро тарбуз қуму намак ва сангчаҳоро аз организм мебарорад.