Arzon march 2024
Кӣ ба куҷо рафт? Ном ба ном
1119

Имрӯз дар як қатор вазорату кумита ва идораҳои кишвар тағйироти кадрӣ дар сатҳи роҳбарикунанда сурат гирифт.

Аз ҷумла, тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ аз вазифаи муовини вазири маориф ва илм, Шоҳиён Нуралӣ Набот аз вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Шерзода Ситора Ҷалол аз вазифаи муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо, Аламзода Исроил Бобо аз вазифаи муовини якум ва Мирзозода Ардашери Абдуғаффор аз вазифаи муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Ҷумазода Сабур Ҷамол аз вазифаи муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ озод карда шуданд.

Ҳамчун ҷойгузиши ашхоси аз мансаб озодшуда Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Зарифзода Хуршед Зариф ва Сафарзода Алим муовинони директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, Каримзода Раъно Алиҷон муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Мирзозода Ардашери Абдуғаффор муовини якум ва Азиззода Табассум Баҳром муовини сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Рустамзода Малоҳат Рустам муовини директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо ва Назарзода Зарина Нарзиқул муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Ҳамчунин, тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалилзода Хусрав Раҷабалӣ бинобар аз вазифаи муовини раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон озод шуда, Мирзозода Парвиз Таваккал раиси суди иқтисодии вилояти Суғд таъин шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД