goodwell
Кӣ дари мағозаи “Арзон”-ро шикаста 10 000 сомониро дуздид?
12.11.2026
Оила
55

Кӣ дари мағозаи “Арзон”-ро

шикаста 10 000 сомониро дуздид?

Кормандони милитсия дар шаҳри Дқушанбе як ҷавонмарди 28 соларо бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ боздошт намудаанд. Сайумрон Исматови 28 сола, ки қаблан суд шудааст, дар ғорат кардани мағозаи “Арзон” гумонбар дониста мешавад.

Бино бар иттилоъи Душанбеполис” Исматов аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бошдошт шуда, айни замон се далели ҷинояти дуздиаш ошкор гаштааст. Аз ҷумла, номбурда дари мағозаи хӯроквории «Арзон»-ро дар маҳаллаи Ховарон шикаста, аз он ҷо 10 ҳазор сомонӣ маблағи нақд ва дигар маҳсулотро ғорат кардааст. Тафтишот идома дорад ва милитсияи пойтахт аз дигар шахсоне, ки аз кирдори Сайумрон Исматов зарар дидаанд, хоҳиш кардааст, ки ба рақами (+992) 018020202 занг зананд ё дар ин бора тариқи «WhatsApp» ё «Telegram» хабар диҳанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД