new banner new years
Кӣ ҳаққи зӯроварӣ карданро дорад?
408

 

Ман дар хонаи шавҳарам маскун ҳастам. Сари ҳар вақт пайвандони собиқ шавҳарам маро зери лату кӯб қарор медиҳанд.

Мехостам фаҳмам, ки оё онҳо болои ману фарзандам ҳаққи зӯрӣ карданро доранд?

Б.Г., модари танҳо.

Зӯроварӣ кирдори зиддиҳуқуқӣ мебошад ва қонун барои анҷоми он иҷозат намедиҳад. Собиқ ҳамсаратон ва пайвандони он кас ҳуқуқ надоранд, ки нисбати шумо зӯровариро раво бинанд.

Дар сурати бо чунин ҳолатҳо рӯ ба рӯ шудан, ба шумо тавсия медиҳем, ки ба нозири минтақавӣ ва ҳангоми ҷой доштани зарарҳои ҷисмонӣ ба экспертизаи тиббӣ судӣ муроҷиат намоед.

 

Барои анҷом додани амалҳои дорои хусусияти зӯроварӣ дошта аз рӯи хавфнокӣ ва оқибатҳояшон нисбати гуноҳкорон аз рӯи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва ё Кодекси ҷиноятӣ ҷазо татбиқ карда мешавад.

 

Ғайр аз ин, ҳангоми ҷой доштани зарари моддӣ ва ё маънавӣ шумо метавонед ба суд бо даъвои гражданӣ муроҷиат намоед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД