formula feb 2025
Judo African Cup-2025: 1 медали тило ва 1 биринҷии ҷудокорони навраси тоҷик
247

Наврасони тоҷик дар мусобиқаи “Judo African Cup-2025” дар Тунис ба гирифтани 2 медал шарафёб гардиданд. Магомед Фармонбеков сазовори нишони тило дар вазни то 66 кг ва Ворис Назаров сазовори нишони биринҷӣ зери вазни то 73 кг гардиданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Магомед Фармонбеков (-66 кг) дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар Аюб Бенларибӣ аз Алҷазоир зафар ёфт. Дар даври чаҳорякниҳоӣ Фармонбеков бо Анис Саудӣ аз Алҷазоир нерусанҷӣ намуда, музаффарият ба даст овард. Паҳлавони навраси мо дар марҳилаи нимниҳоӣ ғалабаро бар Анис Иҷиуӣ аз Марокаш соҳиб шуда, ба финал роҳ ёфт. Дар марҳилаи ниҳоӣ Фармонбеков муқобили Уссама Абделҳақ Ҳезил аз Алҷазоир нерусанҷӣ карда, пирӯз шуд ва соҳиби нишони заррини мусобиқа гардид.

Ворис Назаров (-73 кг) дар рақобати аввал Маҳдӣ Бен Насиб аз Тунис, дар рақобати дуюм Иляс Якобс аз Марокашро мағлуб сохта, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт. Дар ин марҳилаи Ворис Имад Меҳибел аз Алҷазоир шикаст хӯрда, ба даври тасаллобахш рафт. Дар ин марҳила ҷудокори мо зидди Бен Мур аз Британияи Кабир зафар ёфта, дар мубориза барои нишони биринҷӣ Амин Секкал аз Алҷазоирро шикаст дод.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД