Formula novemver 2024
Иззатулло Ҳалимов: Ба хотири савоб дар ҷарроҳии Абубакрҷон кӯмак расонед!
1590


Ҳалимов Иззатулло, сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буда, дар кӯчаи Аминҷон Шукӯҳӣ, хонаи 58 зиндагӣ мекунад. Ин марди солманд ба хотири наберааш ба идораи сомонаи Оила. ТЧ муроҷиат намудааст.

Иззатулло Ҳалимов мегӯяд, наберааш Абубакҷони 7-сола се-чор сол пеш дар оби ҷӯшомада сӯхта буд ва захмҳояш то ҳол сӯзишу хориш намуда, кӯдак чандин сол боз азият мекашад.
Ба гуфти ин мард писару келинаш, яъне падару модари Абубакр бо сабаби носозгорӣ ва бо ҳамдигар забон наёфтан аз ҳам ҷудо шудаанд ва парастории 4 набераи хурдсолаш бар дӯши мӯйсафеду кампираш афтодааст.
Пиру кампир бо ҷону дил набераҳояшонро нигоҳубин ва парасторӣ намуда, нафақаи ночизашонро сарфи таъмини кӯдакон месозанд, вале барои гузаронидани ҷарроҳӣ имконияти иқтисодӣ надоранд.

“Ман набераамро чанд бор ба беморхона бурда будам. Гуфтанд, ки аввал бояд се курс табобат бигирад, баъд ҷарроҳии пластикӣ мекунем, вале мо одамони камбағал барои гузаронидани чунин ҷарроҳии гаронбаҳо имкони иқтисодӣ надорем”--мегӯяд Иззатулло Ҳалимов.
Ин марди солманд дар моҳи шарифи рамазон ва дар арафаи Шаби Қадр, ки яке аз беҳтарин шабҳи сол мебошад, ба идораи Оила. ТЧ муроҷиат намуда, умедвор аст, ки шахсони саховатпеша ва хайрхоҳ ба хотири ризои худованд дар ин моҳи муборак ба набераи хурдсоли ӯ, ки чандин сол боз ранҷи беморӣ мекашад, дасти ёрӣ дароз намуда, дар гузаронидани ҷарроҳии пластикии Абубакрҷони 7-сола кӯмаки худро дареғ намедоранд.
“Ман аз соҳибкорон, аз ҳоҷиён, аз муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар шахсони хайрхоҳ хоҳиш ва илтимос мекунам, ки дар моҳи шарифи рамазон, ки моҳи хайру эҳсон буда, дарҳои ҷаннат ба рӯйи накӯкорон кушода ҳастанд, ба хотири савоб ва барои ризои худованд ба мо кӯмак расонанд, то ки Абубакрҷонро ҷарроҳии пластикӣ кунем ва кӯдаки бечора аз ранҷу азоб халос шавад”-мегӯяд Иззатулло Ҳалимов.
Умедворем, ки шахсони саховатпеша нисбати тақдири ин тифлаки бемор бе тараф намонда, ба Иззатулло Ҳалимов дар гузаронидани ҷарроҳии пластикии наберааш Абубакрҷон дасти ёрӣ дароз мекунанд.

Шахсоне, ки ба ин оилаи ниёзманд кӯмак расонидан мехоҳанд, метавонанд хайрияи худро ба корти бонкии 5058270368294764 (Душанбе-Сити) гузаронанд ё ба рақамҳои зерин занг занад:
915-25-97-74

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД