Arzon march 2024
ҶИЯНАМРО КЕЛИН КАРДА, ПУШАЙМОН ШУДАМ(ШАКЛИ ПУРРААШ)
31.08.2021
Оила
9601

 Салом ба кулли кормандону хонандагони ҳафтаномаи дӯстдоштаи ҳамагон “Оила”. Ман як модари 72-солаам. Азбаски умрам ба ҷое расидааст, дигар хондаву навишта наметавонам.


Кайҳо боз интизор будам, ки нафаре пайдо шаваду дарди диламро рӯйи қоғаз орад, то ман сабук шаваму таскин ёбам.

Ман ду писару як духтар дорам. Писари калониам Фирдавсро соли 1985 аз тарафи комсомол ба Русия барои хондан фиристоданд. Ӯ дар Русия ҳам таҳсил мекарду ҳам кор. Соли 1993 рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба хона омад ва баъди як моҳ боз баргашта ба Русия рафт. Рафту дигар барнагашт. Ҳамон вақти омаданаш ба ӯ пешниҳод кардам, ки бо ягон духтар издивоҷ карда, баъд равад, аммо ӯ гуфт, ки хоҳиш надорад ва барояш таҳсил дар донишгоҳу гирифтани диплом аввалиндараҷа аст. Гуфт, ки аввал додарашро оиладор кунем, ӯ баъди хатми донишгоҳ оиладор мешавад.

Вақте Фирдавс дубора ба Русия рафту дигар барнагашт, додараш Одил ба рӯҳафтодагӣ гирифтор шуд. “Бародарам гум шудааст, акнун ман танҳо мондам” гуфта, ба майнӯшӣ дода шуд. Одил ҷавоне буд, ки ҳатто қатраи арақро ба даҳонаш намебурд, вале ғами акааш ӯро ба ин ҳол овард. Соли 1994 як духтари бегонаро аз ҳамин Кӯлоби худамон ба писарам Одил хостгорӣ кардем. Тарафи духтар моро хуб истиқбол гирифтанд, меҳмондории нағз карданд ва бо ҳурмату иззат гусел намуданд. Маслиҳатҳоро пазонда, баъди як моҳи хостгорӣ тӯй карда, келинро овардем. Худоро шукр, ки дар интихоби келин хато накардем ва духтари бошарму ҳаёе ҳамсари Одил шуд.

Келинамро чӣ қадаре таъриф кунам, боз ҳам кам аст. Шояд бовар накунед, аммо субҳ ӯ аз ман пештар хеста, ҷойнамозамро мекушод ва оби таҳоратамро тайёр карда, маро бедор мекард, ки “холаҷон, хезед, вақти намоз шуд”. Чою хӯроки гарм ҳамеша тайёр ва либосҳоям сари вақт шуставу дарзмолшуда буданд. Ҳатто маслиҳат медод, ки ҳини ба кор рафтан бояд кадом куртаро ба бар намоям, ки ба ман шинаму зебанда аст. Ана ҳамин хел духтар буд келинам. Чунинашро ман дигар ҳеҷ гоҳ ёфта наметавонам. Келинам фақат як камбудӣ дошт. Ҳар боре таваллуд мекард, кӯдакҳояш мефавтиданд. Рӯзе писарам гуфт, ки ҷавоби ҳамсарашро додан мехоҳад. “Модарҷон, ман 26-сола шудам, кай соҳиби фарзанд мешавам” гуфт. То ин дам келинам ду фарзандашро аз даст дода буд ва аз писарам хоҳиш кардам, ки то таваллуд шудани фарзанди сеюмаш сабр кунад. Писарам тоқат накарда, ҷавоби занашро дод. Онҳо ба хубӣ аз ҳамдигар ҷудо шуданд. Келинам аз ман дуо гирифта, бахшиш пурсида, баъд рафт. Ҳини рафтанаш ҳамроҳ хеле гиристем. Агар Худо ба онҳо як фарзанд медод, ҳеҷ ҳоҷат ба ин корҳо набуд, вале афсӯс, ки дар насибамон набудааст.

Ман як қайсингил доштам. Номаш Саврӣ буд. Яке аз калонҳои авлодамон, ки буд, аз ӯ напурсида, коре намекардем. Аммаам духтари зебое дошт. Бо қайсингилам Саврӣ маслиҳат карда, ба хонаи ҳамон аммаам ба хостгорӣ рафтем, то духтарашро барои писарам келин кунем. Ба деҳаи аммаам расидем, вале қайсингилам пешниҳод кард, ки ба хонаи аммаам нею ба хонаи акаам равем ва духтари акаамро келин кунем. Ба ӯ фаҳмондам, ки “духтари акаам он қадар зебо нест, ӯро келин кардан намехоҳам”, вале ангаам маро маҷбуран ба хонаи акаам бурд. Хулоса, моро хуб қабул карда, мақсадамонро шуниданд ва розигӣ доданд. Одилро дубора оиладор кардем ва шояд дуои ҳамсари аввалааш ӯро гирифт, ки хушбахт нашуд. Келинам духтари танбалу хоболуд баромад. Субҳ то худам бедор накунам, аз хоб намехест. Ба шумо дурӯғу ба Худо рост, ақаллан як маротиба бароям оби таҳорат нагирифтааст. Вақти хӯрок мешуд, кӯдакҳоро равон мекард, ки “бибиятонро фарёд кунед, омада хӯрок хӯранд”.

Соли 2003 бо мақсади кофтукоби писари гумгаштаам Фирдавс ба Русия рафтам. Хостам, ки аввал дар ягон ҷой як муддат кор карда, каме пул ҷамъ кунам ва баъдан бо воситаи барномаи “Жди меня” писарамро ёбам. Як моҳ кор карда, ба Одил пул фиристодам, ки ҳамроҳи зану фарзандонаш ба наздам биёянд. Ман дар хона нишста, кӯдакҳоро нигоҳ мекардаму онҳо зану шавҳар кор мекарданд. Келинам яку якбора пули калонро дида, аз чорчӯбаи одамгарӣ баромад. Дигар на маро писанд мекарду на шавҳарашро. Маро на ҳамчун хушдоман, балки ҳамчун амма заррае ҳурмату эҳтиром намекард. Рӯзи дароз кор карда, пул ҷамъ мекарду нигоҳубини чор кӯдаки ӯ бар дӯши ман буд. Соли 2009 ду набераам мактабхон шуданд ва мо ба Тоҷикистон баргаштем. Ҳар саҳар кӯдаконро худам ба мактаб бурда, баъди дарс боз рафта меовардам. Модараш онҳоро фақат таваллуд кардаасту халос. Ҳамаашонро худам калон кардаам.

Соли 2010 ман боз ба Русия рафтам. Ин бор корам омад накард ва бемор шудам. Сахт бепул мондам ва ҳатто пуле надоштам, ки чипта харида, ба хона баргардам. Баъди рафтани ман, келинам чор фарзандашро ба назди апаам бурда, гуфтааст, ки фарзандони ӯро нигоҳубин кунад. Ӯ ба Русия рафта, пул кор мекунад ва ҳатман барои нигоҳубини фарзандонаш пул мефиристад. Апаи содаам ба гуфтаҳои келинам бовар карда, фарзандони ӯро қабул мекунад. Аз байн чанд моҳ мегузарад, аммо келинам ба фарзандонаш ягон дирам пул намефиристад. Рӯзе апаам ба ман занг зада, гила кард, ки аз уҳдаи нигоҳубини набераҳоям намебарояд, зеро модарашон пул намефиристад.

Як муллобача аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ таксичӣ шуда кор мекард. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки барои харидани чиптаи бозгашт кӯмакам кунад. Ӯ ба маблағи 10 ҳазор рубл чипта харида, маро тавассути қатора ба Тоҷикистон фиристод. Ба хона расидан замон аввал ба дидани набераҳоям шитофтам. Он қадар лоғар шуда буданд, ки чанд рӯз ба ҳолашон ашк рехтам. Чор набераамро бо пули нафақаам нигоҳубин мекардам. Падару модарашон гоҳе ҳазор рубл, гоҳи дигар 2-3 ҳазор рубл мефиристоданду халос. Ин ҳам дар чанд моҳ як маротиба буд. Набераҳоям кӯҳнаҳои набераҳои духтариамро, ки аз Душанбе мефиристод, пӯшида калон шуданд. Вақте ду набераи калониам соли 2019 мактаби миёнаро хатм карданду ба таври шарномавӣ ба донишгоҳ қабул шуданд, келинам ба ҷои он ки пул фиристаду бачаҳояшро хононад, гуфт, ки чипта харида, ба Русия раванду кор кунанд. Бо азоб калон кардам ва мехоҳам, ки маълумоти олӣ дошта бошанд, аммо...

Келинам дар Русия бо бригадираш соз гирифта, ба писарам хиёнат кард. Баъди ин, писарам боз ба арақнӯшӣ рӯ овард. Одил он қадар писари бад набуд. Ӯро ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия ҳама дӯст медоранду эҳтиром мекунанд. Аммо занаш ӯро беқадру ба хоки роҳ баробар кард. Келинам бо хушдораш пинҳонӣ никоҳ мекунад. Хушдораш аз пули худаш чипта харида, писари маро ба Тоҷикистон фиристод ва якбора барои чор сол депортатсия кард. Билохира, соли 2017 писарам аз занаш ҷудо шуд.

Вақте синну солам ба ҷое расиду дигар аз уҳдаи нигоҳубини кӯдакон набаромадам, ноилоҷ сетоашро ба Русия, ба назди модарашон равон кардам, то ки ӯ ҳам каме модар буданашро нишон диҳад. Вале келинам ба ишқу ошиқӣ дода шуда, кӯдаконашро хуб нигоҳубин намекунад. Шабҳо ба хонаҳои дугонаҳояш рафта, то саҳар шаробнӯшиву интернетбозӣ мекунад. Дар вақташ, замони соҳиби як фарзанд буданашон ба писарам гуфта будам, ки аз занат ҷудо шав, он қадар духтари хуб нест, аммо ба гапам гӯш накарда буд. Ҷиянамро келин карда, дарди сар харидам. Набераи калониам 22-сола аст ва мани 72-сола зиёда аз 20 соли умри худро ба калон кардани набера сарф кардаму имрӯз ҷияни худам, келини хонадонам намегузорад, ки фарзандонаш бо ман гап зананд. Ба ман маслиҳат диҳед, ки чӣ кор кунам? Ман бибии бепарво нестам ва аз оне ки келинам набераҳоямро намегузорад бо ман гап зананд, азият мекашам.

(Қисса воқеӣ буда, номи

қаҳрамонҳо иваз карда шудаанд.)

 

                                                           Қ. Ҳ., аз ш.Кӯлоб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД