arzon replenishment
ҶИЯН ТАҒОРО “БОНКРОТ” КАРДУ АПАЮ ДОДАРРО ДУШМАН СОХТ
1665

 

Ман савдогар ҳастам ва дар бозори Корвон либосҳои қиматбаҳои занона мефурӯшам. Тез-тез ба Дубай ва Хитой рафта бор меовардам ва аз ҳамин сабаб мудом дар сари савдо буда наметавонистам. Ҷиянамро бо худ гирифта, дасташро дар савдо рост кардам, зеро дилпур будам, ки лахти ҷигарам аст ва ҳаргиз ба ман хиёнат намуда дуздӣ намекунад. Мани содадил аз куҷо медонистам, ки лахти ҷигарам хокамро бо ғалбер мебезад. Ҷияни духтарбозам вақтҳои набудани ман маъшуқаҳояшро ба бозор даъват карда, пул медодааст ва либосҳи гарнбаҳро ба онҳо ҳадя мекардааст. Ин гапро аз даҳони як зани савдогар, ки дар паҳлӯямон менишаст, аввал бовар накардам, вале вақте ки ҳисобу китоб кардам, ҳуш аз сарам парид. Ба ҷойи он ки сарватам зиёд шавад, баръакс кам шуда буд. Нағмаҳои ҷиянамро ба модараш гуфта аз кор пешаш кардам. Апаам ба ҷойи он ки писарашро насиҳат кунад, баръакс бо ман ҷанг кард, ки пулу молат аз сарат монад, ту фарзанди маро ноҳақ тӯҳмат карда, дузд баровардӣ. Ҳарчанд кӯшиш кардам ба ӯ фаҳмонам, ки агар писараш духтарбозиро бас накунад, ба сараш балоҳои зиёде меоянд, вале апаам маро ҳатто шунидан нахост. Аз ҳамон вақт инҷониб қаҳрием. Ҳамин тавр ҷияни аҳмақам маро ҳам бонкрот намуд ва ҳам аз фарзанди падарам ҷудо кард. Беҳуда “пдоши некӣ бадӣ” нагуфта будаанд, ман ба апаам некӣ карданӣ шуда писарашро ба кор гирифтам, вале дар ҷавоб танҳо бадӣ ва зиёну зарар дидам. Ҳамин қадарашро фаҳмидам, ки дар ин дунё ба ягон кас бовар карда намешудааст, на ба худию на ба бегона!  

М, савдогари бозори Корвон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД