Дар шаҳри Турсунзода ҷиня амакро корд заду дар Душанбе моҷарои ҷавонон бо хунрезӣ анҷом ёфт.
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани 3 ҳодисаи хунин дар бадали як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ хабар додааст. Ҳодисаи аввал шоми 7-уми сентябр, тахминан соатҳои 19-30 сар зада, марди 36-солаи сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон дар кӯчаи Достоевскии пойтахт бо марди 32-солаи зодаи шаҳри Ҳисор ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро латукӯб кардааст ва баъдан корд задааст. Ҷабрдида бо ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ ба беморхона интиқол дода шуда, гумонбар аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ боздошт шудааст.
Худи ҳамон рӯз соати 22:00 дар кӯчаи Фирдавсӣ байни 3 нафар ҷавони 16-сола ва 3 ҷавони 18-сола ҷангу ҷанҷол сар зада, яке аз ин ҷавонон дигариро бо табар задааст. Ҷабрдида ба беморхона интиқол дода шуда, дигар иштирокчиёни ин моҷарои хунин боздошт шудаанд.
Дар шаҳри Турсунзода бошад, шоми 8-уми октябр як марди 40-сола бо амакаш ҷангу ҷанҷол намуда, дар рафти ин моҷаро 3 маротиба ӯро корд задааст. Тафтишоти ин ҳодисаҳои хунин аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.