1xbet
Истиқлол орзуи 1000-солаи миллати тоҷикро амалӣ гардонд
09.09.2025
Oila.tj
43

Имрӯз мардуми сарбаланд ва сарафрози тоҷик яке аз беҳтарин идҳои миллии худ - 34 солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро таҷлил менамоянд.

Истиқлол беҳтарин неъмат ва гаронтарин арзиш барои ҳар давлату миллат буда, омили аслии рушду тараққиёт мебошад. Тоҷикистони азиз мо тӯли 34 соли соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист ҷойгоҳи шоистае дар арсаи байналмилалӣ барои худ касб намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон кард ва бо ин саҳифаи наве дар ҳаёти мардуми мо кушода шуд.

Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳ ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш бигирем ва ватани азизи худро бо дасти хеш обод созем. Тамоми сокинони ҷумҳуриамон имрӯз аз он ифтихор доранд, ки 34 сол қабл хиштҳои аввалини пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, тавонистанд орзуи бузурги ҳазорсолаи аҷдодонамонро, ки баъди фанои давлати Сомониён насл ба насл дар дили тамоми миллати тоҷик ҳамчун як ормон боқӣ монда буд, амалӣ гардонанд ва соҳиби як кишвари озод, обод, зебо ва пешрафта бигарданд.

Пас, биёед ба қадри Истиқлол, ки ганҷи бузург ва неъмати бебаҳост, расида, даст ба дасти ҳамдигар диҳем ва барои боз ҳам ободтару зеботар гаштани ватани азизамон камари ҳиммат бандем!

Ҷашни Истиқлол муборак, ҳамватанони азиз!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД