Истифодаи зеҳни сунъӣ дар
100 кори илмӣ ошкор гашт
Сайфиддин Давлатзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имрӯз зимни нишасти хабарӣ ба журналистон гуфт, дар соли 2025 дар диссертатсияҳои олимони тоҷик ягон ҳолати асардуздӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале дар беш аз 100 кори илмӣ истифодаи зеҳни сунъӣ ошкор гаштааст.
Ба қавли Давлатзода, соли гузашта барои дарёфти дараҷаи илмӣ аз шӯроҳои диссертатсионӣ ба КОА 602 кори илмӣ ворид шуда, аз ин шумора 568 диссертсия тасдиқ гардидааст: 78 - доктори илм, 406 номзади илм ва 84 доктори фалсафа.
Комиссияи олии аттестатсионӣ соли 2025 КОА ба 34 нафар унвони профессорӣ дода, 46 қарорҳои шӯроҳои диссертатсиноӣ доир ба додани дараҷаҳои илмиро “бинобар ҷавобгӯ набудан ба талаботи муқарраршуда” бекор кардааст.