Истифодаи дронҳо дар Душанбе се рӯз манъ шуд
Истифодаи тамоми намуди дастгоҳҳои бесарнишин (дронҳо) аз 18 то 20-уми ноябр дар ҳудуди шаҳри Душанбе манъ карда шудааст.
Дар ин робита, Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки талаботи мазкурро риоя намуда, дар рӯзҳои зикршуда аз истифодаи дронҳо худдорӣ кунанд.
Ба иттилои пулиси пойтахт, соҳибони чунин дастгоҳҳо барои гирифтани маълумоти иловагӣ метавонанд тавассути паёмрасонҳои «WhatsApp» ва «Telegram» бо рақами (+992) 018-02-02-02 тамос гиранд.
Мақомот сабаби ин тасмимро шарҳ надодаанд, вале гумоназаниҳо нишон медиҳанд, ки ин тасмим ба хотири сафари Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рабт дорад, ки рӯзҳои 19 ва 20 -уми ноябр дар назар аст.