Истгоҳи «Ваҳдат»-и Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” дар шаҳри Ваҳдат баъд аз навсозии пурра ва муҷаҳҳазгардонӣ ба истифода дода шудааст.
Бино ба иттилои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», тавре дар расми ифтитоҳи истгоҳи роҳи оҳан таъкид карда шудааст, беҳтарсозии шароити корӣ дар тамоми раёсату муассисаҳои “Роҳи оҳани Тоҷикистон”, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ва боркашонию мусофиркашонӣ аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти корхона ба ҳисоб меравад ва дар ин самт пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд.
- Иншооти истгоҳи “Ваҳдат” дар солҳои 20-уми асри гузашта бунёд гардида, ба талаботи имрӯзи хизматрасонӣ дар роҳи оҳан умуман ҷавобгӯ набуд ва шароити зарурии корӣ надошт. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ ва зери таваҷҷуҳу ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи роҳу нақлиёт инфрасохтори роҳи оҳани мамлакат бунёду навсозӣ ва таъмиру таҷдиди пурра карда шуда, ба талаботи муосир мутобиқ гардонида шуд,- меафзояд манбаъ.