35 years of independency
Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон афзуд, аммо нархи он ҳам боло рафт
04.11.2026
Kamoliddin
26

Истеҳсоли семент дар Тоҷикистон афзуд, аммо нархи он ҳам боло рафт

Дар Тоҷикистон дар баробари афзоиши истеҳсоли семент, нархи ин маҳсулот низ боло рафтааст.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 4,2 миллион тонна семент истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 23,7 фоиз зиёд мебошад. Дар ин бора Агентии омори Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тибқи дурнамои тасдиқкардаи Ҳукумати кишвар, соли оянда истеҳсоли семент бояд ба 5,8 миллион тонна расонида шавад. Ин нишондиҳанда нисбат ба нақшаи соли ҷорӣ тақрибан 7 фоиз бештар аст.

Ҳамзамон, дар ин давра истеҳсоли дигар масолеҳи сохтмонӣ низ афзоиш ёфтааст. Аз ҷумла, ҳаҷми истеҳсоли бетони сохтмонӣ ба беш аз 613 ҳазор метри мукааб расида, нисбат ба соли гузашта 31,5 фоиз зиёд шудааст.

Истеҳсоли арматураи сохтмонӣ низ 4,3 фоиз афзуда, ба 24 ҳазору 374,7 тонна расидааст.

Бо вуҷуди афзоиши истеҳсол, нархи семент дар бозори дохилӣ боло рафтааст.
То ҳол мақомоти дахлдор дар бораи сабабҳои болоравии нархи семент дар бозорҳои кишвар шарҳ надодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД