goodwell
Истеҳсоли равғани растанӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст
04.09.2026
Oila.tj
99

Тоҷикистон дар ҳафт моҳи аввали соли 2026 қариб 14 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол кардааст. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта тақрибан 12,5 фоиз зиёд мебошад.

Тибқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, афзоиши истеҳсол дар шароите ба қайд гирифта шудааст, ки талаботи дохилӣ ба равғани растанӣ ҳудуди 150 ҳазор тонна дар як сол арзёбӣ мешавад. Бо вуҷуди рушди истеҳсоли дохилӣ, қисми зиёди талаботи бозор аз ҳисоби воридот таъмин мегардад. Аз ҷумла, Русия ва Қазоқистон аз таъминкунандагони асосии равғани растанӣ ба Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Мақомоти Тоҷикистон афзоиши истеҳсоли ватаниро яке аз роҳҳои коҳиши вобастагӣ аз воридот ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли кишвар медонанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД