goodwell
Истаравшанро ба гулистон табдил медиҳанд
102

Дар шаҳри бостонии Истаравшан бо мақсади боз ҳам ободу зебо гардонидани ин шаҳри қадима корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва гулшинонӣ бомаром идома доранд. Дар ин раванд масъулони сохторҳои дахлдор, кормандони ташкилоту муассисаҳо ва сокинони шаҳр, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва ифтихори миллӣ барои ободонии як гӯшаи диёри азиз саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Истаравшан яке аз шаҳрҳои қадимаи Тоҷикистон буда, бо таъриху фарҳанги ғанӣ, ёдгориҳои таърихӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва анъанаҳои неки сокинонаш шуҳрат дорад. Аз ин рӯ, ҳифзи симои зебои шаҳр, нигоҳдории тозагӣ ва ободонии кӯчаву хиёбонҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҳар як сокини он ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, корҳои ободониву кабудизоркунӣ на танҳо ба беҳтар гардидани намуди зоҳирии шаҳр мусоидат мекунанд, балки ифодагари муҳаббату садоқати мардум ба Ватан ва сарзамини аҷдодӣ низ мебошанд.

Аллакай чанд рӯз мешавад, ки сокинони шаҳри Истаравшан дар баробари масъулон ба корҳои кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ машғул буда, барои боз ҳам зебову сарсабз гардонидани кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо талош менамоянд. Дар доираи ин иқдоми созанда то имрӯз зиёда 12 ҳазор гулҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки ба муҳити шаҳр ҳусни тоза бахшида, барои фароҳам овардани фазои зебову дилнишин замина мегузорад.

Шинонидани гулҳои рангоранги мавсимӣ яке аз самтҳои муҳими корҳои ободонӣ ба шумор рафта, дар беҳтар намудани намуди зоҳирии кӯчаву хиёбонҳо ва гулгаштҳои шаҳр нақши назаррас дорад. Гулҳои зебо ба муҳити атроф таровати тоза бахшида, фазои шаҳрро рангину фараҳбахш мегардонанд. Махсусан, гулзорҳои ороста дар канори роҳҳо, назди биноҳои маъмурӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар мавзеъҳои серодам ба симои шаҳр зебоии хос зам мекунанд.

Яке аз ҷиҳатҳои муҳими ин иқдом иштироки фаъолонаи худи сокинон дар корҳои ободонӣ мебошад. Онҳо бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, гулшинонӣ ва кабудизоркунӣ саҳм мегузоранд. Чунин ҳамкории масъулон ва аҳолӣ нишон медиҳад, ки ободии шаҳр пеш аз ҳама ба муносибати ҳар як сокин ба маҳалли зисти худ вобаста аст.

Сокинони шаҳр хуб дарк менамоянд, ки тозагӣ ва зебоии муҳити зист танҳо вазифаи кормандони сохторҳои коммуналӣ набуда, балки масъулияти умумии ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд дар ҳифзи гулзорҳо, дарахтони сабз, майдончаҳои истироҳатӣ ва дигар мавзеъҳо саҳм гузошта, барои пешгирии ифлосшавии муҳити атроф талош намояд. Муносибати ғамхорона ба табиат ва натиҷаи меҳнати дастаҷамъона метавонад шаҳрро ба макони боз ҳам зеботару дилнишин табдил диҳад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД