Arzon march 2024
ҚИССАИ ШАБ: Модарам зани дуюм шуду рӯз надид
4786

        
Аҳмад дӯсти аз ҳама наздиктаринам аст ва дар яке аз макотибҳои олии кишвар таҳсил мекунад. Рӯзе дар як чойхона нишаста будем, ки мавзӯи суҳбатамон сари масъалаҳои оилавӣ ва шахсӣ рафт. Аввал ман дар бораи оилаам қисса кардам ва баъдан Аҳмадро як ҳолати нороҳаткунанда фаро гирифт. Дар чашмонаш об ҳалқа заду қиссаи ҳаёти аз сар гузаронидаашро чунин нақл кард: “Модарам зани дуюми падарам, бар замми ин, онҳо хеши наздиканд. Зани якуми падарам бемор мешаваду бо ҳамин баҳона духтари тағояш, яъне модари маро зани дуюм карда мегирад. Бисёриҳо гумон мекунанд, ки занҳои дуюм барои шавҳаронашон эркаю азиз ҳастанд ва зиндагии шоҳона доранд, вале ҳақиртар аз зани дуюм дар дунё касе нест. Инро ман дар мисоли зиндагии талху сангини модарам ҳар рӯз дида меоям... Мардҳои дигар шояд барои занҳои дуюмашон қасру хонаҳои боҳашамат сохта, зару зевари зиёде ҳадя кунанд, вале падари ман ба модарам дар умраш ҳатто як куртаи чит нахаридааст. Модари хору зори ман як умр либосҳои куҳнаи холаамро, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунад, мепӯшад.
Аз рӯзе, ки худро мешиносам, дар хонаи бобои модариам зиндагӣ мекунем. Падарам мард шуда, ягон бор ба хонаи мо халтаи орд ва сеткаҳои пур наовардааст. Ду даст дар бинӣ мисли меҳмон ба хонаи бобоям омада, ошу нони тайёрро хӯрда меравад, вале чунон дағдаға мекунад, ки гумон мекунӣ, барои мо аз мулки Ҳинд уштури калон оварда бошад. Мо бо либосҳои куҳнаи мардум калон шуда, зиндагиамонро бо як бурида нони бобою бибии пирам мегузаронем, вале... Падарам аз зани якумаш чор фарзанд дорад. Мо бо ҳамдигар додару хоҳар бошем ҳам, фарзандони падарам моро чашми дидан надоранд. Мо зӯран рафта дар хонаи онҳо зиндагӣ накардаем ва ҳатто як бурида нони падарро нахӯрдаем, вале зану фарзандонаш ба мо рӯзи хуш намедиҳанд. Дар як кӯча зиндагӣ мекунем, ҳар гоҳ аз назди хонаи падарам гузарем, зану бачаҳояш моро сангборон карда, чунон дашному ҳақоратҳои қабеҳе медиҳанд, ки ба такрор карданашон забони кас намегардад. Аввалину охирин марди чашм кушода дидаи модарам падарам аст, чунки хеле ҷавон ва духтар ба шавҳар баромадааст. Ман модарамро таъриф карданӣ нестам, вале тамоми ҳамсояҳо ба покдомонӣ, садоқат ва пуртоқатии ӯ қоиланд. Дар домони поки модари ман намоз хонда мешавад, вале зани якуми падарам дар ҳама ҷо ӯро шавҳардузд ва фоҳиша гуфта, таҳқир мекунад. Ин зани шаттоҳ борҳо ба рӯйи модарам туф карда, мӯйи сарашро қабза-қабза канда гирифтааст, вале дар ҷавоби ин ҳама дағалӣ ӯ хомӯш аст. Гуноҳи ягонаи модарам он аст, ки зани дуюм шудааст ва ана ҳамин “гуноҳ” ӯро дар назди ин аҷуза забонкӯтоҳ кардааст... Падарам ва хешу табораш парвои мо надоранд ва ягон бор аз дарамон даромада намепурсанд, ки шумо мурдаед ё зинда, сер ё гурусна. Рӯзҳое мешаванд, ки ҳатто нони хӯрдан намеёбем. Боре модарам ҳамроҳи бародарам гандуми ҷаву арзан аралашро барои ордкунӣ ба осиёби деҳаи ҳамсоя бурда, дар роҳ бо падари падарам, ки ду халтаи пур аз ордро ба хар бор карда аз осиёб бармегаштааст, вохӯрдаанд, вале бобоям хотири рӯйи мо, набераҳояш ақаллан ним халта орд ҳам надодааст. Қасд кардагӣ барин осиёббон “арзан аз осиёб намегузарад” гӯён, халтаи пурро аз дасти модарам гирифта, бар ивазаш танҳо як сатил орд додаасту халос. Бечора модарам гириста-гириста ба хона баргашт... Бародари калониам дониши хуб дошт ва мехост ба ягон донишгоҳ дохил шавад, аммо шароити номусоиди зиндаӣ ба ӯ имкон надод, ки орзуҳояшро ҷомаи амал пӯшонад. Бечора бародарам маҷбур шуд, ки рӯ ба муҳоҷират оварда, ризқу рӯзии худро дар мулки бегона биҷӯяд. Вай панҷ соли дароз ғуломвор хизмати русҳоро карда, каме маблағ ҷамъ кард ва ба Ватан баргашта бо як духтараки волидонаш мисли худамон камбағал хонадор шуд. Бо кӯмаки бародари меҳрубонам ман ба донишгоҳ дохил шудам ва ҳоло дар курси дуюм таҳсил карда истодаам... Бо хорию зорӣ ва бо либоси мардум мо оҳиста-оҳиста ба камол расида, сари ақл шудем. Худо хоҳад, рӯзе нони даҳонамонро меёфтагӣ мешавем, вале рафтори номардонаи падар мисли захми ниҳон дар дилҳоямон боқӣ мемонад”.
Мақсад аз ба қалам додани ҳаёти талхи ин дӯстам сиёҳ кардани падараш нест. Ман танҳо ба он хотир зиндагии душвори модарашро рӯйи коғаз овардам, ки ба дигар хонумҳо дарси ибрат гардад.
Ба тамоми занону духтарони тоҷик гуфтаниям:
-Ҳаргиз зани дуюм нашавед! Саг рӯз дораду зани дуюм не!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД