Худозада
Як ҳамкорам бемор буду барои хабаргирии ӯ ба беморхона рафтам, ҳангоми бозгашт пеш-пешам ду зан мерафтанд. Ман духтари Анисро як-ду бор дида будам ва шинохтамаш, ӯ ҳамроҳи зани қоқинае мерафт. Чун ба паҳлӯи онҳо рост шуда, ба чеҳраашон дурусттар назар андохтам, дидам ки рӯйи духтар каб-кабуд аст. Салом додаму гуфтам “ту Соро нестӣ”? Вай ҳа гӯён, дарҳол бари рӯ ва чашми кабудашро пӯшонд, гапамро идома дода, гуфтам “ман муаллимаи донишгоҳатон будам”. Баъд фаҳмидам, ки он зани қоқина модараш будааст, баъд пурсидам, ки “чаро бари рӯят кабуд аст”, модараш бо гиря гуфт:
-Э муаллимаҷон, духтаракам бахт надид аз шавҳари аввалааш, падараш барои муштзӯр буданаш ҷудояш кард, як кӯдак дорад. Акнун зани дуюми як марди аз худаш даҳ сол калон шуд, писари ҳамун омада, таги шатааш кашидааст, пардаи гӯшаш даридаасту пеши духтураш овардам.
Соро бо дард ашк мерехт, “падараш дар садамаи автомобилӣ афтида, маъюб шуд, рӯйи ҷогаҳ”…. дигар зани Анис чӣ мегуфт ба гӯшам намедоромад… Дар дилам мегуфтам, э дар қудратат мурам, Худои ман! Замоне падари ҳамин духтар зада, пардаи гӯши маро даронда буд, чун барои муолиҷа мерафтам, мегуфт ту макр мекунӣ, шайтонӣ… Ашкҳои ман имрӯз аз чашмони зану духтари Анис мерехтанд, худаш бо пойҳои бурида болои бистар будааст….
Чун ба истгоҳ расидем, ман ба нею нестонашон нигоҳ накарда, онҳоро дар мошинам шинонда, то ҷойи даркорияшон бурдам ва ба дасти Соро дусад сомонӣ додам, ки барои кӯдакат ширинӣ хар…
Имрӯз ман зиндагии орому осудае дорам, ба марди хубе хонадор шуда, дар синни чилсолагиям модар шудам. Писарам Шарафҷон панҷсола шуд, Аниси худозадаро кайҳо бахшидам, аммо чанд рӯзи ахир хабари дар боло гуфтаамро шунида, хотираҳоям аз нав зинда шуданд. Агар ман бо Анис мемондам, Худо медонад ба кадом рӯз гирифтор мешудам…
Эй мардон, бо эҳсоси як зан бозӣ накунед, Худо мезанад!
Бо эҳтиром Сафия