Заҳри забон аз заҳри мори авфӣ ҳам бадтар будааст!
Аз хурдӣ орзу доштам, ки пас аз хатми мактаби миёна мисли дигар духтарҳо ба ягон донишгоҳ ё донишкада дохил шавам, вале падарам хоҳишамро рад намуданд. Мактаби миёнаро хатм намудаму маро падарам ба фарзанди як рафиқаш ба шавҳар дод. Хоҳари домод рӯзе пеш аз тӯй ба хона омад ва сурати бародарашро ба ман дод. Пас аз рафтани ӯ ба акс нигаристам. Бо як нигоҳ меҳраш дар дилам ҷо шуд. Солеҳ ҷавони зебою дилкаш будааст. Ҳамин тавр тӯйи бодабдабае ороста, орзую ҳавас шикастему оилаи соҳиббахт барпо намудем. Рӯз то рӯз байни мо меҳру муҳаббат зиёда мегашт. Падару модаронамон ончунон хурсанд буданд, ки гӯё бе бол парвоз мекарданд. Аз байн як сол гузашту ҳомиладор шудам. То таваллуд шудани кӯдак шабро бо ҳазор орзую умед саҳар мекардам. Ниҳоят фурсати зодан фаро расиду маро ба таваллудхона бурданд. Дарду азоби зиёде кашида, ниҳоят тифламро ба дунё овардам. Хурсандии ману Солеҳ дучанд гашт, вале шодиамон дер напоид. Рӯзи дуюм ҳамшираи шафқат бе тифл наздам омад. ӯро дида, ҳайрон гаштам, ки чаро бачаамро наовардаст. Саломатии кӯдакро пурсон шудам, вале вай ҳарфе назад. Ҳамин вақт сардухтури беморхона аз дар даромада, гуфт: «Ноумед нагардед, шумо ҷавон ҳастед, боз фарзанддор мешавед!» Маро гӯё барқ зад, пас аз чанде ба худ омада, фиғони талхе кашидаму рӯямро бо кафи дастам пӯшида, ба марги фарзандам зор-зор гиристам. Беҳуда нагуфтаанд, ки меваи аввалини дарахт ширин аст, фарзанди аввалини инсон ҳам чунин ширин будааст, Орзуи ману Солеҳ бо марги нахустфарзандамон хазон гашту ба боди фано рафт. Мо шабу рӯз ғам мехӯрдем. Рӯзҳо бо андӯҳу дард мегузаштанд. Зиндагӣ ба маҷрояш баргашт, ман боз ҳомиладор шудам, вале ин кудакам низ нобуд гашт. Мисли гуле, ки бе об мондааст аз доғи ҷигарбандонам рӯз то рӯз пажмурда мегаштам. Солеҳ ҳарчанд ғамгин бошад ҳам, маро тасалло медод. Ба назди чандин муллову табиб рафтем, мазорҳоро зиёрат намудем, вале Худованд дигар ба мо фарзандро лоиқ надид. Оқибат ноумед гаштему бо волидайнамон маслиҳат намуда, аз ятимхона духтарчаеро ба фарзандӣ гирифтем. Духтарчаро бо ҳазор орзуву умед калон мекардем. Тифли дӯстрӯякро Шукрия ном ниҳодем. Чандвақта будани кӯдак маълум набуд, лекин ба назар яксола менамуд 3-юми декабрро рӯзи зодрӯзи Шукрия интихоб намуда, онро бо шукӯҳ ҷашн мегирифтем. Шукрия рӯз аз рӯз калон мешуд. Баъди 8 сол духтури занона дар яке аз санҷишҳояш маро огоҳ кард, ки ҳомиладор гаштаам. Шояд Худованди муттаъол туфайли ғамхории мо нисбат ба Шукрия, ба мо шоҳписаре дод, ки ба у Додихудо ном ниҳодем. Ду тифли зиндагии моро рангину гуворо сохтанд. Пас аз як сол, боз духтарчаеро ба дуно онардам. Ҳоло ӯ сесола аст, Шукри Худо соҳиби се фарзанд гаштам, пекин як ҳарфи ҳамоя ҷоми бахтамро шикасту ҷигарамро пурхун кард. Шукрияии 10-сола рӯзе аз дарс омада гуфт: «Очаҷон, магар модари ҳақиқии ман шумо нестед? Холаи Саида мегӯянд, ки туро Солеҳу Нигора аз ятимхона гирифтаанд» Ин суханҳо ҷигарамро шикофт, вале худро ба даст гирифтаму духтарамро тасалла дода, гуфтам: Холаи Саида маро чашми дидан надорад ва хурсандиамонро намехоҳад, барои ҳамин ин суханҳоро ба ту гуфтааст. Шукрия ба гуфтаҳоям бовар накарда, боисрор маро маҷбур сохт, ки ин рози ниҳонро кушоям. Вай маро дилпур сохт, ки модари ҳақиқии ӯ набошам, ба ӯ гӯям, дар ҳолати дигар кас будани чунки чашми худро кушода, маро дар сари гаҳворааш дидааст. Оқибат маҷбур шудам, ки қиссаи талхи хешро ба Шукрия бигӯям, Пас аз гуфтани саргузаштам Шукрия феълу рафторашро дигаргун сохт. Кимчи хел дамдузду одамгурез шуд. Аз ман дурӣ меҷуст. Ҳарчанд кӯшиш мекардам, дубора дилгарм намешуд. Аз тақдири духтараки ба ҷон баробарам дар изтироб будам. Изтиробам беҳуда набудааст, рӯзе мисли ҳарвақта ба мактаб рафту дигар барнагашт, Мо ба ҷустуҷӯяш баромадем. Ҳарчанд мекофтем, дараке аз вай набуд Бо хоҳарам маслиҳат намудему хабари гум шудани Шукрияро ба кормандони шӯъбаи корҳои дохилӣ додем. Рӯзи дигар онҳо ба мо хабар доданд, ки ҷасади беҷони Шукрияро аз соҳили дарё ёфтаанд. Аз марги духтараки ба ҷон баробарам ҷигарам хуну дилам реш-реш гашт.Ин аст, саргузашти талхи мани мискин, ки бо як сухани бади зани ҳамсоя лонаам чуғзхона гашт.
Таснифи Отиф