Навраси 15-сола аз Миннесота ба китоби рекордҳои Гиннес ворид гардид. Тавре санҷишҳои мутахассисон нишон доданд, андозаи даҳони Исҳоқ Ҷонсон 10 сантиметрро дар бар мегирад. Сараввал Исҳоқ соли 2019 рекорд гузошта буд, он замон андозаи даҳони навраси 14-сола наздики 9 сантиметр буд. Баъд аз он ки андозаи он ба 10 сантиметр расид, дарҳол рекордро ба қайд гирифтанд. Ҷонсон ба шоу барномаи телевизионӣ, ки дар он аъзоёни китоби рекордҳои Гиннес ширкат меварзанд, даъват карда шуд.