-Салом. Ин ҷо “Оила”?,-баъди бардоштани занги навбатии телефон баланд шуд садои зане.
-Бале, шуморо гӯш мекунем,-посух додам ба зан.
-Додарҷон, ман як тоҷикзани муҳоҷирам. Як зани дар чорсӯи зиндагӣ ҳайрону зор монда, як бенавои роҳгумзада, ки се сол боз дар ғарибӣ рӯзи сиёҳ ба сар мебарам. Намедонам чӣ кор кунам, то аз ғаму дарди зиндаҷудоӣ раҳоӣ ёбам,-нақл мекард зан, вале ман гапашро буридаму норозиёна пурсидам:
-Равшантар ҳарф занед. Чизеро намефаҳмам. Кӣ ҳастед ва бо чӣ мақсад занг задед?
-Ман Қодирова Латофат, сокини деҳаи Қизилюлдузи ноҳияи Кӯшониён мебошам. Тақдир маро мисли садҳо занони тоҷик муҳоҷири кишвари Русия кард ва айни замон ҳамроҳи шавҳару духтарчаи нозанинам дар Русия умр ба сар мебарем.
-Чӣ мушкилӣ доред?,-боз пурсидам.
- Мушкилиамро напурсед, додар - зан ба гиря даромад ва дурудароз гирист. Баъди чанд лаҳзаи ба худ омадан, ӯ зиндагиашро чунин нақл кард:
-Агар инсон то ҷонаш ба лаб намерасидааст, аз сири дилаш касеро огоҳ намекардааст. Аз рӯзе, ки чашм ба олами ҳастӣ боз кардаам, бо азобу ранҷу хорӣ рӯ ба рӯ гаштам. Падару модарам фарзандони бисёр доштанд. Ҳамин, ки духтаронашон қадрас мешуданд, зуд ба шавҳар медоданд. Оилаи мо, ки камбизоат буд, бо розигии падару модарам ба шуғли аҳолии шаҳри Бохтар муроҷиат кардам. Онҳо маро дастгирӣ карда, ба курси компютерӣ қабул карданд...
Ғуломи шавҳар
Баъди хатми омӯзишгоҳ дар Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон ба ҳайси ёрдамчии навбатдор ба кор даромадам. Дар ҳамин айём бо амри тақдир бо як тоҷикбача хонадор шудам, аммо бахт ба рӯям нахандид.
Баъди таваллуди духтарчаам шавҳарам пӯстинашро иваз намуда, зуд-зуд бо ҳар баҳона бо ман ҷанҷол мекард. Ба мушту лагатзанӣ қаноат накарда, таҳдид мекард, ки агар дубора ба кор дароям, “шармандаи қишлоқ ва фоҳишаи қади кӯча” гӯён шармандаам мекунад. Ба хотири тӯҳматзадаи дунё нашудану обрӯи падарамро нарехтан ба гапаш гӯш дода, хонашиниро ихтиёр кардам. Ба ҳама азобу ситами шавҳари золим сабр мекардам. Шавҳарам ҳамеша “ту ҳам инсонӣ ва бояд баробари мо мардон дар сохтмони ман кор кунӣ” гуфта, ҳамроҳаш маро ба Русия овард. Ӯ ба арақ дода шуда, шабу нисфишаб масту аласт ба хона омада, рӯзамро ба шаби сиёҳ табдил медод.
Кӯдакам дар қадам буд, ки шавҳарам тамоман аз худ мерафтагӣ шуд. Нашъа мезаду нисфи шаб ба хона омада, мани ҳомиладорро мисли тӯби футбол лагатборон мекард. Хешу таборамро, ки дар Русия буданд, аз ҳоли зорам хабар додам. Дар як мижа задан ба наздам ҳозир шуданд ва субҳи дигар чиптаи ҳавопаймо харида, маро бо тифли батнам ба Тоҷикистон гусел карданд, то аз дасти шавҳарам дар мулки бегона кушта нашавам.
Як сол дар хонаи падар истодам, вале шавҳарам дигар суроғам накард. Ба ҳама хешу ақрабояш гуфтааст, ки “ман талоқи Латофатро барвақт додаам”. Баъди шунидани ин овозаҳо назди виҷдони худ аҳд гузоштам, ки кор мекунаму нони даҳонамро меёбам. Дар байн таваллуд кардам. Баъди ду моҳи модар шудан тифли дастамро ба модарам дода, ба нияти кор роҳ ҷониби Раёсати ВКД-и вилояти Хатлон пеш гирифтам. Масъулин “коргари аз кор ихроҷшударо дубора барқарор карда наметавонем” гӯён, маро аз дарашон ноумед гусел карданд.
Маҷбур шудам, ки сар ба ҷои дигар зада, ба худ кор кобам ва нони даҳонамро пайдо намоям. Дар тарабхонаи “Тоҷмаҳал”-и шаҳри Бохтар ба ҳайси пазанда ба кор даромадам. Дар вақти кор бо ҷавони рус, ки Николай ном дошт, шинос шудам. Дар вохӯрии аввал ҳамдигарро писандидем ва Николай пешниҳод кард, ки бо ӯ хонадор шавам.
Николай низ зодаи шаҳри Бохтар, кӯчаи Гогол буд. Мо бо ҳам издивоҷ кардем, вале аз таънаи мардум эмин намондам. Куҷое мерафтем ба мо таъна зада мегуфтанд, ки “як зани хушрӯй наход тоҷикони худатро монда, ба як марди рус ба шавҳар бароӣ?”. Ҳатто дар хонаи худашон рӯзаш сиёҳ буд ва хешу ақрабояш барои ба дини мо гузаштан, аз ӯ рӯй гардонида, шавҳарамро аз дарашон ронданд.
Хулоса, шавҳарам малулу ғамгин аз дастам гирифту ба хонаи падарам овард. Дар пеши волидонам ба ман пешниҳод кард, ки ҳамроҳаш ба ватани онҳо, ба Русия равем. Дар аввал пешниҳодаш маро ҳайратзада кард, вале модарам духтарчаатро парастор мешавам ва бахтатро аз даст надеҳ гуфта, дуои сафедамон дод. Шавҳарам рус бошад ҳам, пеш аз издивоҷ ӯ дини Исломро қабул кард ва бо никоҳи мусулмонӣ мо бо ҳам хонадор шудем. Соли 2012 мо роҳи Русияро пеш гирифтем. Дар соли аввали зиндагиямон ҳомиладор шудам. Духтарчаам ба дунё омад. Шавҳарам, ки ҷонаш ба ҷони ману фарзандаш буд, шабу рӯз кор мекард, то мо гуруснаву ташна дар мулки ғарибӣ азоб накашем. Аз соли 2013 зану шавҳар ба кор баромадем, то маблағи як хонаро кор карда, ба Тоҷикистон баргардем, ки касе моро таъна назанад ва нонхӯри зиёдатӣ нагӯяд, аммо...
Дар байн шавҳарам аз ошёнаи дуюми бинои навсохт, ки мо дар он ҷо кор мекардем, ба замин афтид. Ӯро ба духтурхонаи шаҳри Истра бурдем. Баъди муоина маълум гашт, ки рони пойи шавҳарам аз ду ҷояш шикастааст. Барои табобати ӯ духтурон аз мо маблағи ҳангуфт талаб карданд, яъне 100 ҳазор рубли русӣ. Азбаски вақти пандемия буд, мо маблағи корамонро нагирифта будем. Маблағ, ки надоштем, ночор дар паси дари духтурхона мондем. Як муҳоҷири тоҷик дилаш ба ҳоли зори ман сӯхт ва тавсия дод, ки ба масҷиди тоҷикони шаҳри Маскав рафта, дардамро фаҳмонам. Маҷбур шуда, ба масҷид рафтам.
Муҳоҷирон 20 ҳазор ҷамъ карда доданд. Бародаронам низ тобу тоқати ашки чашмонамро накарда, ба ман ёрдами пулӣ карданд ва 50 ҳазор рубл дар дастам ҷамъ шуд. Ба духтурхона рафтам ва худамро пеши пойи духтурон партофтам, ки аз ин зиёд маблағ надорам ва хоҳиш кардам, ки ҷарроҳии шавҳарамро гузаронанд. Раҳмашон омад ва бе пулу бе сарфу хароҷот ҷарроҳии шавҳарам пушти сар шуд ва онҳо дар беморхона нахобонда, моро ҷавоб доданд ва табобати боқимондаро дар хона гузаронед гуфтанд. Баъди се руз пойҳои шавҳарам варам кард. Духтуронро ба ёрӣ хостам ва омада, маз ва доруву дармон фармуда рафтанд ва таъкид карданд, ки то 6 моҳ “бинти эластикӣ”-ро накушоем ва дар ҳолати риоя накардани тавсия духтурон пойҳояшро бурида мепартоянд.
Айни ҳол парастори шавҳарам шуда мондаам. Намедонам кор барояму зиндагиямро пеш барам ё шавҳару духтарчаамро парасторӣ намоям. Дар дастархонам нон нест, духтарчаам “оча, нон деҳ” гуфта, як аламамро сад алам мекунад. Ба ғайри ин, як рубл дар дастам надорам, ки ба кӯча бароям. Маводи хӯрока тамоман надорем, пули иҷора ду моҳ шуд насупорида, 12 ҳазор рубл пардохт кардан лозим, соҳибхона ҳар лаҳза дарамонро мекӯбаду оби чашмонамро ба рӯям шашқатор карда, баромада меравад. Чӣ кор кардану сарамро ба куҷо заданамро наёфта, ба ҳафтаномаи “Оила” занг задам, то рӯзи сиёҳи мо муҳоҷирони дур аз ватанро ба хонандагонаш нашр намояд.
Дар охир аз ҳамаи муҳоҷирон ва халқи тоҷик илтимосу хоҳиш мекунам, ки сарнавишти талхи маро тариқи “Оила” бихонанду ба кӯмакам шитобанд ва кӯмаки молии хешро нисбати мо дареғ надоранд. Падарам мурд, аммо ман ба рӯи падарамро дида натавонистам. Худованд рӯзи маро ба сари ҳеҷ бандааш наорад.