-Акои Исматулло, имруз иди бонувон аст. Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки Шумо қиматтарин туҳфаро барои кӣ мехаред?
-Ростӣ, ҳар сол дар “Рӯзи модар” ва дар идҳои рамазону қурбон кӯшиш мекардам, ки қимматтарин ва арзандатарин туҳфаро барои модарҷонам бихарам, ҳарчанд тамоми ганҷи дунёро ҳадя кунем ҳам, ҳатто ба як шаб сари гавҳора нишастани модар баробар намешавад. Модарам як зани бисёр ҳалиму меҳрубон, ба қавле “биҳиштӣ” буданд. Вақте барояшон ҳадя мебурдам, бисёр хурсанд мешуданд ва гаштаву баргашта дуои некам медоданд, вале афсӯс, ки моҳи майи сли 2019 модари азизам аз дунё реҳлат намуда, бо фариштаҳо пайвастанд....
-Дуо мекунем, ки ҷояшон абадулдаҳр ҷаннати ҷовидон бошад!
Барои янга чи туҳфа харидед?
-Як туҳфаи оличаноб харидам, лекин чи буданашро намегӯям, чунки ин сюрприз аст. Вақте тариқи сомона чӣ буданашро мегӯед, дигар ҷаззобияти худро аз даст медиҳад. Мехоҳам дар рӯзи ид янгаатонро ба ҳайрат биёрам.
-Умуман ҳамсаратон чиро дӯст медорад: тилло, бриллиант, мошин, телефонҳои замонавӣ ё ягон чизи дигар?
-Хушбахтона, ҳамсари ман тиллопараст нест ва аз паси мӯд ҳам намедавад. Шириниро бисёр дӯст медорад ва ҳамеша дар идҳо хоҳиш мекунад, ки ягон ширинии бисёр лазизи фармоишӣ биёрем.
-Духтаратон Нигораҷон чиро дӯст медорад?
-Нигораҷон ба модараш рафтааст, ҷавҳироти тиллоиро танҳо дар саҳна ва тӯю маъракаҳо меовезад. Дар ҳаёт бисёр духтараки хоксор аст ва чизҳои оддиву содаро дӯст медорад. Вай ҳам мисли модараш гул ва шириниро дӯст медорад.
-Рӯзи 8-март дар хонаи шумо кӣ хӯрок мепазад?
-Албатта ҳамсарам ва келинҳо. Ду келини нозанин дорам, ки панҷ панҷаашон ҳунар аст, чунон бо завқ дастурхон меороянд, ки чашми касро мерабояд.
-Магар мардҳо дар рӯзи ид ба хонумҳо хизмат намекунанд?
-Таъриф нашавад, ман худам ошпази беҳтаринам, писаронам ҳам беҳунар нестанд, вале бонувони хонадони мо мардонро ба сари дегу табақ роҳ намедиҳанд.
-Мабодо имсол янга лутф карда дар 8-март ошхонаро дар ихтиёри шумо гузоранд, чӣ мепазед?
-Бонувони оилаи мо оши паловро дӯст намедоранд, вале ман як палави бомазза пухта, онҳоро ошхӯрак кардан мехостам...
-Дар рӯзи ид ба бонувон чӣ таманно доред?
-Зан-модар фаришта аст. Зан ба сони офтобу маҳтоб ҳамеша роҳи моро равшан карда, ба ҳаёти одамизод рангу маънӣ ва гармиву нармӣ мебахшад. Кулли модарон ва занону духтарони точикр бо идашон муборакбод гуфта, таманнои онро дорам, ки хушбахту рухрузгор ва тансиҳату соатманд бошанд ва Рӯдакию Фирдавсӣ, Синову Ҷомӣ барин фарзандони оқилу фарзонаеро дар домони худ парваранд, ки обрӯи миллати тоҷикро дар сар то сари олам баланд бардоранд!