Ниммуҳофизатгари ҳуҷумкори тоҷик Ислом Зоиров расман ба ҳайати дастаи «Барқчӣ» пайваст. Бозигар бо бошгоҳи шаҳри Ҳисор қарордоди яксола ба имзо расонд.
Дар ин бора ТВ “Варзиш” бо истинод ба дафтари матбуотии тими «Барқчӣ» хабар дода, афзудааст, ки Ислом Зоиров дар мавсими гузашта дар ҳайати дастаи «Ҳосилот» баромад намуда, бо бозии фаъол ва голҳои зебояш таваҷҷуҳи мухлисони футболи кишварро ҷалб кард. Намоишҳои хуби ӯ дар майдон боис шуданд, ки чанд бошгоҳ ба хизматаш таваҷҷуҳ зоҳир намоянд. Акнун умед меравад, ки ниммуҳофизатгари ҷавон дар ҳайати «Барқчӣ» низ бозии дурахшон нишон дода, ба тақвияти хати ҳамлаи даста мусоидат мекунад.
Дар мавсими соли 2025 Ислом Зоиров дар ҳайати «Ҳосилот» 17 бозӣ анҷом дода, муваффақ шуд 5 гол ба самар расонад ва 4 паси головар диҳад, ки нишондиҳандаи хуб барои ниммуҳофизатгари ҳуҷумкор ба ҳисоб меравад.