Arzon march 2024
Искандаркӯл: Маконе, ки гармии тобистонро салқин метавон гузаронд
1821

Яке аз минтақаҳои зебоманзартарини кӯҳҳои Фон Искандаркӯл аст, ки ба муносибати Искандари Мақдунӣ, ки мувофиқи ривоятҳо, онро зиёрат кардааст, номгузорӣ шудааст.

Ин кӯли афсонавӣ дар баландии зиёда аз 2 километр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Ин обанборро “Қалби Фон” меноманд.

Сатҳи Искандаркӯл 3,4 км2 буда, қаръаш 71 метр мебошад. Кӯл сатҳи тухмшакл дошта, бо оби гидрокарбонатӣ-калсийдор пур аст, ки барои саломатӣ шифобахш мебошад. Дар соҳили он метеостансия ҷойгир аст. Дар кӯҳи дар соҳилаш ҷойгиршуда навиштаҷоте ҳаст, ки онро сайёҳони рус дар соли 1870 мондаанд.

Аз рӯйи ривоят, Искандари Мақдунӣ ҳангоми гузаштан аз ин минтақа аспи дӯстдоштаашро гум кардааст. Пас аз он мардуми маҳаллӣ ба қароре омадаанд, ки кӯлро ба муносибати лашкаркаши машҳур номгузорӣ намоянд.

Оби гулобии кӯл дар мухолифат бо барфи дар қуллаҳои атроф хобида хело хушманзар ба назар метобад. Кӯл сарчашмаи Искандардарё мебошад, ки каме поёнтар шаршараи 38-метраро ташкил додааст.

image_2024-08-01_17-17-47

Кӯл шакли секунҷаро дошта, майдони он 3,4 километри мураббаъ мебошад. Аз даромадгоҳ то Панҷчашма 3,250 километр ва аз тарафи шимол ба ҷануб 2,9 километр ва дарозии хати соҳили кӯл бошад, 14 километрро ташкил медиҳад. Чуқурии кӯл 71,7 метр мебошад. Пас аз кашфи Искандаркӯл соли 1937 кӯҳҳои Ғазнаи калон баландиаш 5306 метр ва Чимтарға 5489 метр дар байни ҷаҳониён ва кӯҳнавардон машҳур гаштааст.

Кӯҳҳои Фон дар ҳамсарҳадӣ бо қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷойгир мебошанд, ки сарҳади онҳоро Нова ва дарёҳои Пасрӯд, Фондарё, Саратоғ ва сойҳои Уреғ, Вору, Арчамайдон ҷудо менамоянд ва онҳо ба кӯли Искандар мерезанд. Тадқиқотҳои геологӣ ва зилзилагӣ нишон медиҳанд, ки ин кӯл дар замонҳои хеле қадим, дар натиҷаи афтодани кӯҳ ва сари роҳи дарёчаҳои Ҳазормеш, Саритоғ, Сарима ва Моронро банд кардан ба вуҷуд омадааст.

Диққати тамошобинонро махсусан шаршараи боҳашаммати поёноби Искандаркӯл ба худ ҷалб менамояд. Шаршара яке аз ҷойҳои ҷолиби диққат буда, 1,3 км шарқтар аз сарчашмаи Искандардарё мавқеъ гирифтааст.

Воқеан Искандаркӯл яке аз мавзеъҳои зеботарини табиии кишварамон ба ҳисоб рафта, шумораи сайёҳони хориҷиву дохилӣ барои тамошои он рӯ ба афзоиш ниҳода истодааст.

Гардишгароне, ки аз ин кӯли зебо дидан кардаанд, аз табиати ғайриодӣ, зебоиҳои дилфиреб, оромии муҳит ва кӯҳҳои беназири он ҳаловат бурда, ин маконро дар саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ васф намудаанд.

Дар баробари Искандаркӯл дар ин макон ҷойҳои дигари зебоеро низ дидан мумкин аст. Яке аз онҳо кӯли Замин-Мулло мебошад, ки 300 метр дуртар аз Искандаркӯл ҷойгир шудааст. Аз сабаби ҳарорати баланд доштани кӯли мазкур дар он морҳои обӣ хеле зиёд ба назар мерасанд. Ҳамчунин, ин ҷо «Русские 1870» ном навиштаҷоте дар рӯйи санг мавҷуд аст. Ин навиштаро экспедитсияи А. П. Федченко дар нимаи дуюми асри XIX ба санг наққошӣ кардаанд. Инчунин, дар ин макон шаршараи 43-метраи «Ниагараи Фон» ҷойгир аст.

Искандаркӯл дар Тоҷикистон на танҳо бо табиати зебо, балки бо ривоёти афсонавии худ таваҷҷуҳи гардишгарони хориҷиро ба худ ҷалб намудааст.

image_2024-08-01_17-18-02

Тибқи яке аз ривоятҳо, Искандари Мақдунӣ ҳангоми лашкаркашияш ба Ҳиндустон (соли 327-и пеш аз мелод) аз водии Зарафшон гузашта ва дар ин макон ба муқовимати сокинони саркаши русто рӯ ба рӯ мешавад. Аз ин рӯ, барои ҷазо додани сокинони деҳа Искандари Мақдунӣ фармон медиҳад, ки деҳаро вайрону валангор кунанд ва роҳи оби дарёро банданд. Дар натиҷа обанбори бузурге пайдо мешавад ва Искандар амр медиҳад, ки сарбандро кушоянд, то деҳа зери об монад. Дар натиҷа русто зери об монда ва дар ҷойи он ҳамин кӯл, яъне Искандаркӯл пайдо шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД