Муовини якуми Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Юсуфзода ва муовини вазири рушди иқтисод ва савдо Насреддинзода Рухшона дар Форуми IX-уми иқтисодии Шарқӣ иштирок карданд.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар, форуми мазкур дар шаҳри Владивостоки Федератсияи Россия бо иштироки доираҳои бузурги шарикони минтақа ва ҷаҳон дар самти иқтисодӣ ва соҳибкорони хурду миёна баргузор гардид.
- Дар Форум ҳамкориҳои доираҳои давлатӣ ва хусусии минтақавӣ дар самтҳои саноат, инфрасохтор, кишоварзӣ, энергетика, хизматрасониҳо, технологияҳои иттилоотӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок мавриди муҳокима қарор дода шуда, бо муаррифии зарфият ва имкониятҳои сармоягузории ҷонибҳо густариши ҳамкориҳои тиҷоратию сармоягузорӣ тавассути ташкили муколамаи озод байни давлату бахши хусусӣ муҳим арзёбӣ гардид,- меафзояд манбаъ.