Formula novemver 2024
Иштироки Муҳсинзода дар вохӯрии сатҳи баланд дар Фаронса
16.12.2024
ОИЛА.ТҶ
222

Аз 9 то 14-уми декабри соли равон дар шаҳри Лиони кишвари Франсия вохӯрии шарикони рушди умумиҷаҳонӣ таҳти роҳбарии Иттиҳоди Аврупо ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба фарогирии умумии хизматрасонии тандурустӣ баргузор гардид, ки дар он муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои Вазирорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯрии мазкур намояндагони 120 давлати аъзои СУТ, шарикони Иттиҳоди Аврупо иштирок кардаанд.

Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор дастовардҳои назарраси соҳа дар шакли маълумотҳои иттилоотӣ, видероликҳо, баромадҳо ва презентатсияҳо оид ба мавзуҳои гуногуни тибқи тадқиқотҳои ба даст омада ба иштирокчиён манзур гардидаанд.

Ҳамзамон, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар доираи вохӯрии мазкур якҷо бо намояндагони СУТ дар Тоҷикистон барои ривоҷ додани ҳамкориҳои минбаъда бо намояндаҳои шарикон оид ба рушд баҳри таъмини дастрасии умумии аҳолии Тоҷикистон бо хизматрасониҳои тиббӣ яқ қатор вохӯриҳои судманд баргузор намудаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД