Аз 2 то 3-юми апрели соли равон дар шаҳри Берлини Ҷумҳурии Федеративии Олмон Саммити глобалии шахсони дорои маълулият баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед иштирок кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии дорои имконияташон маҳдуд низ шомил буданд.
- Бояд гуфт, ки ин аввалин иштироки намояндагони шахсони дорои маълулият аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ мебошад ва он қадами муҳим дар таҳкими сиёсати фарогир ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба шумор меравад,- меафзояд манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар ин чорабинии сатҳи баланд намояндагони як қатор кишварҳои гуногуни олам ба ҳам омада, масъалаву мушкилоти шахсони дорои маълулиятро баррасӣ кардаанд.